Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011 № 203 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба боби 16 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Дар банди 1:

- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"-фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои электронии рақамӣ, хизматрасонӣ вобаста ба тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақамӣ;"

-дар сархатҳои сеюм ва чорум калимаҳои, "маълумоти махфӣ" ба калимаҳои "иттилооти пинҳонӣ" иваз карда шаванд;

-дар сархати панҷум калимаҳои "воситаҳои махсуси техникие" ба калимаҳои "воситаҳои махсуси техникӣ тибқи Номгӯи (замимаи 4)" иваз карда шаванд

Дар банди 4:

-дар сархати чорум калимаҳои "Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

-сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"-бо ҳайати кормандони бо ихтисоси муҳандисию техникии дорои таҷрибаи корӣ бо системаҳои оператсионӣ, воситаҳои криптографии ҳифзи иттилоот, ҳамчунин бо воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот таъмин бошанд;

-бо маҷмӯи дастгоҳию барномавии сертификатсияшуда ва утоқҳои махсус ҷиҳати ҷойгиронии ин дастгоҳҳо барои фаъолияти маркази тасдиқкунанда таъмин бошанд;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года, № 172

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет: Внести в главу 16 Положения об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года, №172 следующие изменения и дополнения:

В пункте 1:

- абзац первый изложить в следующей редакции:

"- деятельность по выдаче сертификатов ключей электронных цифровых подписей, регистрации владельцев электронных подписей, оказанию услуг по подтверждению подлинности электронных цифровых подписей;";

- в абзаце пятом слова "специальных технических средств" заменить словами "специальных технических средств согласно Перечня (приложения

4)";

В пункте 4:

- в абзаце пятом слова "Министерство транспорта и коммуникации Республики Таджикистан" заменить словами "Служба связи при Правительстве Республики Таджикистан";

- дополнить новыми абзацами следующего содержания:

"- должен быть обеспечен квалифицированным инженерно-техническим персоналом, имеющим опыт работы с операционными системами, средствами криптографической, защиты информации, а также техническими средствами защиты информации;

- должен быть обеспечен сертифицированным аппаратно-программным комплексом и специальными помещениями по их размещению для функционирования удостоверяющего центра; -руководство и сотрудники, имеющие доступ к используемым аппаратно-программным комплексам, должны иметь допуск к сведениям, составляющим государственную тайну;

- иметь разрешение на деятельность с использованием сведений, составляющих государственную тайну".

...