Оинномаи Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" аз 27/08/2008 № 437

Санаи амалкуни: 27.08.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 августи соли 2008 № 437

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 августи соли 2008 № 437

тасдиқ шудааст

Оинномаи Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина"

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Ҳамин Оиннома асосҳои фаъолияти ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина"-ро, ки минбаъд Муассиса номида мешавад, муайян мекунад.

2. Муассиса фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", дигар саладҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома ба роҳ мемонад.

3. Муассиси Муассиса Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

4. Муассиса шахси ҳуқуқӣ буда, аз рӯзи бақайдгирии давлатии он таъсисёфта ба ҳисоб меравад.

5. Муассиса чун мақоми иттилоотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои худро ба забони давлатӣ, инчунин ба забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамарӯза дар ҳаҷми на камтар аз 8 соат дар як шабонарӯз пахш менамояд.

6. Муассиса дорои амвол бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ мебошад. Муассиса дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобҳои буҷетӣ ва махсус дошта, инчунин дорои смета, тавозуни мустақил, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси номи худ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ, сароҳанг, нишона, аломатҳои нашри ва молӣ мебошад.

7. Муассиса ҳуқуқ дорад, ки аз номи худ шартномаҳо бандад, ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯхдадорӣ ба зимма гирад, дар суд ба ҳайси даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд.

8. Муассиса аз нигоҳи эҷодӣ мустақил аст. Назорати фаъолияти телевизионии Муассиса аз тарафи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти он амалӣ карда мешавад.

...

Утверждён

постановлением Правительства Республики Таджикистан

от 27 августа 2008 года № 437

Утверждён

постановлением Правительства Республики Таджикистан

от 27 августа 2008 года № 437

УСТАВ Государственного учреждения "Телевидение Сафина"

I. Общие положения

1. Настоящий Устав определяет организационные, правовые, экономические и социальные основы деятельности Государственного учреждения "Телевидение Сафина", именуемой в дальнейшем Учреждение.

2. Учреждение осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, Гражданским кодексом Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О телевидении и радиовещании", Законом Республики Таджикистан "О печати и других средствах массовой информации", Законом Республики Таджикистан "О рекламе" и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и настоящим Уставом.

3. Учредителем Учреждения является Правительство Республики Таджикистан.

4. Учреждение является юридическим лицом и считается созданным со дня государственной регистрации.

5. Учреждение как вещательный орган Правительства Республики Таджикистан осуществляет распространение своих программ на государственном, а также на русском и английском языках в объеме не менее 8 часов в сутки.

6. Учреждение обладает имуществом на праве оперативного управления. Учреждение имеет бюджетный и специальные счета в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан, смету, самостоятельный баланс, печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан, отображением своего наименования на государственном и русском языках, позывные, эмблему, издательский и товарные знаки.

7. Учреждение вправе заключать от своего имени договоры, приобретать и осуществлять имущественные и личные неимущественные права, нести обязанности, выступать в суде в качестве истца и ответчика.

8. Учреждение творчески самостоятельно. Контроль за телевещательной деятельностью Учреждения осуществляется полномочным органом Правительства Республики Таджикистан в пределах его компетенции.

9. Юридический адрес Учреждения: Республика Таджикистан, город Душанбе, улица Бухоро 43.

...