Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 № 701 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 1, мод. 293; с. 2005, №7, мод. 400; с. 2007, №5, мод. 364; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 997; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри с. 2010, №658) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Бобҳои Қонун бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда шаванд.

2. Дар номи моддаи 5 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва дар қисми дуюми моддаи 5 калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал" ба калимаҳои "Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми якуми моддаи 23 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми дуюми моддаи 24 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

5. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 7(1) ва дар сархати якуми қисми якуми моддаи 7(2) калимаи "секаратаи" ба калимаи "чоркаратаи" иваз карда шавад.

6. Аз қисми сеюми моддаи 21 калимаҳои "бонкҳо ва" хориҷ карда шаванд.

7. Дар моддаи 23:

- ба қисми дуюм сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти шарикии амалӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ва таъмини муколамаи баробарҳуқуқӣ онҳо бо роҳи таъсис додани шӯроҳои машваратӣ доир ба рушди соҳибкорӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳалҳо, таъмини ҳисоботдиҳии онҳо;

- мусоидат ба рушди соҳибкории инноватсионӣ, аз ҷумла тавассути муқаррар намудани низоми махсуси ташкилию ҳуқуқӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва паркҳои технологӣ;

- ҷорӣ намудани барномаҳои магистрии идоракунии соҳибкорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади тайёр намудани соҳибкорони касбии дорои дониши муосири иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ;

- такмили донишу малакаи касбии субъектҳои соҳибкории хурд бо роҳи ташкили машварат ё курсҳои кӯтоҳмуддат дар соҳаҳои маориф, молия, омор ва андоз тибқи барномаҳои таълимии мақомоти ваколатдори давлатии дастгирии соҳибкорӣ;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ ЗАЩИТЕ И ПОДДЕРЖКЕ ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 10 мая 2002 года "О Государственной защите и поддержке предпринимательства в Республике Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2002 г., №4, ч.1, ст.293; 2005 г., №7, ст. 400; 2007 г., №5, ст.364; 2008 г., №12, ч.2, ст. 997; Закон Республики Таджикистан от 29 декабря 2010 г., №658) следующие изменения и дополнения:

1. Главы Закона пронумеровать арабскими цифрами.

2. В названии статьи 5 слова "органов исполнительной власти на местах" заменить словами "местных органов государственной власти", и в части второй статьи 5 слова "Органы государственной власти на местах" заменить словами "Местные органы государственной власти".

3. В части первой статьи 23 слова "органами исполнительной власти на местах" заменить словами "местными органами государственной власти".

4. В части второй статьи 24 слова "органы исполнительной власти на местах" заменить словами "местные исполнительные органы государственной власти".

5. В абзаце первом части первой статьи 7(1) и абзаце первом части первой статьи 7(2) слово "трехкратный" заменить словом "четырехкратный".

6. Из части третьей статьи 21 слова "о банках и" исключить.

7. В статье 23:

- часть вторую дополнить новыми абзацами следующего содержания:

- "создание благоприятных условий для осуществления реального партнерства между государственным и частным секторами и обеспечение равноправного диалога между ними путем учреждения консультативных советов по развитию предпринимательства на республиканском и местном уровнях, обеспечение их отчетности;

- содействие развитию инновационного предпринимательства, в том числе, посредством установления специального организационно-правового режима в свободных экономических зонах и технологических парках;

- внедрение магистерских программ бизнес-администрирования в высших профессиональных учреждениях с целью подготовки профессиональных предпринимателей, обладающих современными экономическими и правовыми знаниями;

- совершенствование профессиональных навыков субъектов малого предпринимательства посредством организации консультаций или краткосрочных курсов в сфере образования, финансов, статистики и налогов в соответствии с образовательными программами уполномоченного государственного органа по поддержке предпринимательства;

...