×

Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ аз 06/11/1994

Санаи амалкуни: 06.11.1994

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АЗ 6 НОЯБРИ СОЛИ 1994

Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем.

Боби якум.

  АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Моддаи 1.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. 

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.

Моддаи 2.

Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. 

Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.

Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд, аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

Моддаи 3.

Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.

...

КОНСТИТУЦИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Мы, Народ Таджикистана,

являясь неотъемлемой частью мирового сообщества, сознавая свой долг и свою ответственность перед прошлым, настоящим и будущими поколениями,

понимая необходимость обеспечения суверенитета и развития своего государства,

признавая незыблемую свободу и права человека, уважая равноправие и дружбу всех наций и народностей,

ставя задачей создание справедливого общества,

ПРИНИМАЕМ И ПРОВОЗГЛАШАЕМ НАСТОЯЩУЮ КОНСТИТУЦИЮ

ГЛАВА ПЕРВАЯ 

ОСНОВЫ КОНСТИТУЦИОННОГО СТРОЯ

Статья 1.

Республика Таджикистан - суверенное демократическое правовое светское унитарное государство.

Таджикистан - социальное государство, политика которого направлена  на создание условий, обеспечивающих  достойную жизнь и свободное развитие человека.   

Республика Таджикистан и Таджикистан - равнозначные понятия.

Статья 2.

Государственным языком Таджикистана является таджикский язык.

...