Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази Равзанаи ягона"
Мутобиқи моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази Равзанаи ягона" дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази Равзанаи ягона" дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал намоянд.
3) Ба Нақшаи идоракунии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28 декабри соли 2006 №612 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази Равзанаи ягона".
4) Муқаррар карда шавад, ки маблағгузории чорабиниҳо ҷиҳати таъсис ва ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягона аз ҳисоби ҷалб намудани воситаҳои грантӣ анҷом дода шуда, хароҷоти хизматрасонии минбаъдаи он ва хароҷот барои нигоҳдории шумораи штатии иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои хироҷи гумрукӣ, ки ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, амалӣ карда мешаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 декабри соли 2010 № 630
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Государственного унитарного предприятия "Центр Единого окна"
В соответствии со статьей 125 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О государственных предприятиях" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Создать Государственное унитарное предприятие "Центр Единого окна" при Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан.
2) Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке решить организационно-правовые вопросы Государственного унитарного предприятия "Центр Единого окна" при Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан.
3) Схему управления Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан "О Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан" от 28 декабря 2006 №612 дополнить новым абзацем в следующем содержании:
"Государственное унитарное предприятие "Центр Единого окна".
4) Установить, чтоб финансирование мероприятий формирования и внедрения систему Единого окна осуществлялось за счет грантовых средств, расходы её дальнейшего обслуживания, а также расходы на содержание дополнительных, штатных единиц осуществлялось за счет средств таможенных сборов, поступающих на специальный счет Главного Управления казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 3 декабря 2010 года № 630
г. Душанбе