Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани системаи равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 № 503

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.12.2016 № 529 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2010

№503 тасдиқ шудааст

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2010

№503 тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаррароти умумӣ

1) Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумитаи ҳамоҳангсоз) фаъолияти вазорату идораҳоро дар татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Барнома), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 №222 тасдиқ карда шудааст, ҳамоҳанг месозад.

2) Кумитаи ҳамоҳангсоз дар давраи татбиқи Барнома фаъолият менамояд ва фаъолияташро дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мекунад.

3) Кумитаи ҳамоҳангсоз аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳое, ки дар танзиму идоракунӣ ва назорати амалиёти савдои беруна, ташкилотҳои хизматрасони вобаста ба додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда дар соҳаи савдои беруна, намояндагони бахши хусусӣ (ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо), инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ созмон дода мешавад.

4) Ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсоз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

5) Фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз дар асоси баррасии озодонаи ҳамаи масъалаҳо ва қабули қарорҳои коллективона мутобиқи Низомномаи мазкур ба роҳ монда мешавад.

6) Кумитаи ҳамоҳангсоз дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дастури амал қарор медиҳад.

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 24.12.2016 г., № 529

Приложение 2

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от "2" октября 2010 года № 503

Приложение 2

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от "2" октября 2010 года № 503

Положение Координационного комитета по вопросам реализации Программы внедрения системы Единого окна по оформлению экспортно-импортных и транзитных процедур в Республике Таджикистан

Общие положения

1) Координационный комитет по вопросам реализации Программы внедрения системы Единого окна по оформлению экспортно-импортных и транзитных процедур в Республике Таджикистан (далее Координационный комитет осуществляет координацию деятельности министерств и ведомств по реализации Программы внедрения системы Единого окна по оформлению экспортно-импортных и транзитных процедур в Республике Таджикистан (далее Программа), утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года № 222.

2) Координационный комитет действует в течение всего периода реализации Программы и прекращает свою деятельность на основании решения Правительства Республики Таджикистан.

3) Координационный комитет формируется из числа представителей министерств и ведомств, вовлеченных в регулирование и надзор администрирования внешнеторговых операций, организаций, представляющих услуги по выдаче разрешительных документов в области внешней торговли, представителей частного сектора (ассоциации, союзы), а также международных организаций.

4) Состав Координационного комитета утверждается Правительством Республики Таджикистан.

5) Деятельность Координационного комитета осуществляется на основе свободного обсуждения всех вопросов и принятия коллективных решений в порядке, предусмотренном настоящим Положением.

6) Координационный комитет в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, настоящим Положением и другими нормативными актами.

...