Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2010 № 603 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи хизмати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 166; с. 2007, №6, мод. 429) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- дар сархати понздаҳум калимаи "мушаххаси" ба калимаи "муайяни" иваз карда шавад;

- сархатҳои шонздаҳум, ҳабдаҳум, ҳаждаҳум, нуздаҳум, бистум, бисту якум ва бисту дуюм бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"-бархӯрди манфиатҳо - ҳолате, ки хизматчии давлатӣ дар ҷараёни иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ зери таъсири манфиатҳои шахсӣ қарор гирифта, қарорҳои ба манфиати давлат мухолифро қабул менамояд;

- манфиати давлатӣ - манфиатдории умумии ҷомеа, ки бо роҳи қабули қарорҳои беғаразона ва қонунӣ аз тарафи шахсони мансабдори давлатӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ амалӣ карда мешавад;

- манфиати шахсӣ - фоидаи моддӣ ё фоидаи дигаре, ки хизматчии давлатӣ бевосита ё бавосита барои худ ё барои шахсони сеюм дар натиҷаи иҷро намудани ӯҳдадориҳои мансабии худ кӯшиши гирифтан мекунад ё мегирад;

- озмун -тартиби интихоби номзадҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо роҳи муайян намудани дараҷаи мутобиқати онҳо ба талаботи тахассусии мансаби ишғолшаванда;

- аттестатсия - тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғолнамуда бо роҳи баҳодиҳӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ;

- баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ - тартиби муайян кардани натиҷаҳои фаъолияти хизматчии давлатӣ бо роҳи гузаронидани сӯҳбат дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ дараҷаи комёб шудан ба натиҷаҳои пешбинишудае, ки ба мақсаду вазифаҳои мақоми давлатӣ ва воҳиди сохтории он мувофиқат мекунад;

- дастурамали мансабӣ - санаде, ки номгӯи мансаби давлатӣ, талаботи тахассусии мушаххас нисбат ба ишғолкунандагони мансаби мазкур, ӯҳдадориҳои мансабӣ, ҳуқуқ ва масъулияти хизматчии давлатиро пешбинӣ мекунад.".

2. Дар банди дуюми қисми 2 моддаи 5 калимаи "принсипҳо" ба калимаҳои "принсипҳои асосӣ" иваз карда шавад.

3. Дар моддаи 6:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной службе"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 5 марта 2007 года "О государственной службе" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., №3, ст. 166; 2007 г., №6, ст. 429) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 1:

- абзац пятнадцатый после слова "нормативными" дополнить словом "правовыми";

- дополнить абзацами шестнадцатым, семнадцатым, восемнадцатым, девятнадцатым, двадцатым, двадцать первым и двадцать вторым следующего содержания:

"- конфликт интересов - ситуация, когда в процессе выполнения должностных обязанностей, государственный служащий оказывается под воздействием своих личных интересов вследствие чего принимает решения, противоречащие государственным интересам;

- государственный интерес - всеобщая заинтересованность общества, которая осуществляется путем принятия беспристрастных и законных решений лицами, занимающими государственные должности при выполнении своих служебных обязанностей;

- личный интерес - материальная или иная выгода, которую государственный служащий стремится получить или получает, прямо или косвенно, для себя или третьих лиц в результате выполнения своих должностных обязанностей;

- конкурс - порядок подбора кандидатов на замещение вакантной административной должности государственной службы путем определения их соответствия квалификационным требованиям вакантной замещаемой должности;

- аттестация - порядок определения соответствия административного государственного служащего занимаемой должности путем оценки итогов исполнения им должностных обязанностей, уровня знаний, навыков в профессиональной подготовки;

- оценка деятельности государственного служащего - порядок определения результатов деятельности государственного служащего путем проведения собеседования о показателях выполнения его должностных обязанностей, степени достижения предусмотренных показателей, соответствующих целям и задачам государственного органа и его структурного подразделения;

- должностная инструкция - акт, который предусматривает название государственной должности, конкретные квалификационные требования к замещающим данную должность, должностные обязанности, права и ответственность государственного служащего.".

2. В пункте втором части 2 статьи 5 слово "принципов" заменить словами "основных принципов".

3. В статье 6:

...