Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2010 № 62 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 172"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 172

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 №172 тасдиқ шудааст, Боби 55(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

Боби 55(1). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти Бюрои таърихи қарз

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти Бюрои таърихи қарз.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- асоснокии техникиву иқтисодии (нақшаи кории) фаъолияти Бюрои таърихи қарз, ки дар он роҳҳои ба мақсад расидан дар мӯҳлати банақшагирифташудаи на камтар аз 3 сол бо тартиб додани ҳисоботи молиявии пешгӯишаванда барои мӯҳлати нишондодашуда муайян карда шудаанд;

- нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди заминаи техникӣ ва ҳифзи маълумоти Бюрои таърихи қарз аз дастрасии ғайриқонунӣ ё ба таври ғайриқонунӣ пешниҳод намудани он;

- маълумот дар бораи роҳбарони Бюрои таърихи қарз (таҳсилот, собиқаи корӣ);

- маълумот оид ба пуррагӣ ва тахассуси кормандоне, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи маълумот алоқаманд аст;

- ҳуҷҷате, ки ташкили сармояи оинномавиро дар ҳаҷми на камтар аз 50 фоиз ҳаҷми эълоншудаи сармояи оинномавӣ тасдиқ мекунад;

- ҳуҷҷате, ки ҳуқуқ ва мӯҳлати истифодаи бинои мувофиқро тасдиқ менамояд.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года №172

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Положение об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года №172 дополнить Главой 55(1)следующего содержания:

"Глава 55(1). Особенности лицензирования деятельности Бюро кредитных историй

1. Лицензируемый вид деятельности: деятельность Бюро кредитных историй.

2. Лицензирующий орган: Национальный банк Таджикистана.

3. Дополнительные документы для получения лицензии:

- технико-экономическое обоснование (бизнес-план) деятельности Бюро кредитных историй, в котором определены пути достижения целей на планируемый период не менее 3-х лет с составлением прогнозных финансовых отчетов на указанный период;

- план мероприятий по развитию технической базы и по защите информации Бюро кредитных историй от незаконного доступа или выдачи ее на незаконных основаниях;

- сведения о руководителях Бюро кредитных историй (образование, стаж работы);

- сведения об укомплектованности и квалификации кадров, деятельность которых связана с защитой информации;

- документ, подтверждающий формирование уставного капитала в размере не менее 50 процентов от объявленного размера уставного капитала;

- документ, подтверждающий право и срок пользования соответствующего здания.

...