Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 № 665 "Дар бораи таъсис додани шӯъба ва бахшҳои тандурустӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру нохияҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.07.2012 № 369 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани шӯъба ва бахшҳои тандурустӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру нохияҳо

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Дар сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби ихтисори 224 воҳидҳои кории соҳаи тандурустӣ шӯъба ва бахшҳои тандурустӣ таъсис дода шаванд.

2) Шумораи воҳидҳои корӣ вобаста ба таъсиси шӯъба ва бахшҳои тандурустӣ дар сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3) Хароҷоти нигоҳдории воҳидҳои мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки барои соҳаи тандурустӣ пешбинӣ шудааст, амалӣ карда шавад.

4) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №603 "Дар бораи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

сархати сеюми банди 10 Низомномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №603 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- низомномаи воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии вазорат, раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шӯъбаю бахшҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо, инчунин оинномаҳои корхонаву ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустиро тасдиқ менамояд;";

ба Нақшаи идоракунии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №603 тасдиқ шудааст, сархати нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"- Шӯъба ва бахшҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо".

5) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷобаҷогузории шӯъба ва бахшҳои тандурустӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

6) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 №667 "Дар бораи лимити шумораи хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ" таклиф пешниҳод намояд.

...

Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 19.07.2012г.№369

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании отделов и секторов здравоохранения в структуре местных исполнительных органов государственной власти городов и районов

В соответствии со статьей 12 Конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) В структуре местных исполнительных органов государственной власти городов и районов создать за счет сокращения 224 штатных единиц сектора здравоохранения отделы и секторы здравоохранения.

2) Утвердить численность рабочих единиц в зависимости от создания отделов и секторов здравоохранения в структуре исполнительных органов государственной власти городов и районов (прилагается).

3) Затраты, предусмотренные для содержания данных штатных единиц, осуществить за счет средств бюджета местных исполнительных органов государственной власти, утвержденных для сектора здравоохранения.

4) Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №603 "О Министерстве здравоохранения Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:

абзац третий пункта 10 Положения Министерства здравоохранения Республики Таджикистан, утвержденный, постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №603 изложить в следующей редакции:

"- утверждает положения структурных подразделений Центрального аппарата Министерства, управлений здравоохранения Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, отделов и секторов здравоохранения городов и районов, а также утверждает уставы предприятий и организаций системы Министерства здравоохранения;"; дополнить Схему управления Министерства здравоохранения Республики Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан, от 28 декабря 2006 года №603 новым абзацем следующего содержания: "Отделы и секторы здравоохранения городов и районов".

5) Исполнительным органам государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, города Душанбе, городов и районов принять необходимые меры по размещению отделов и секторов здравоохранения.

6) Министерству финансов Республики Таджикистан в установленном порядке внести предложение о внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года №667 "О лимитах численности государственных служащих местных исполнительных органов государственной власти".

7) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан в двухмесячный срок разработать и утвердить Положение отделов и секторов здравоохранения городов и районов, а также привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

...