ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИДИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲАРАКАТИ РОҲ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи ҳаракати роҳ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 22, моддаи 336, Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 23-24, моддаи 333) тағйирот ва иловаҳои зайл ворид карда шавад:
1. Ба моддаи 1 қисми дуюм ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"Вазифаҳои ин Қонун аз ҳифз намудани ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин ҳифзи манфиатҳои ҷамъият ва давлат ба воситаи пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани окибатҳои вазнини онҳо иборатанд".
2. Ба моддаи 3 сарсатрҳои панҷум - ҳафтум ба мазмуни зайл илова карда шаванд:
"ҳаракати роҳ - маҷмӯи муносибатҳое мебошанд, ки дар протсесси ҳаракати одамон ва борҳо бо ёрии воситаҳои нақлиёт ё бе онҳо дар ҳудуди роҳҳои автомобилгард ба вуҷуд меоянд;
бехатарии ҳаракати роҳ - ҳолати протсесси мазкур буда, инъикоскунандаи дараҷаи муҳофизати иштирокчиёни он аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва оқибатҳои онҳо аст;
таъмини бехатарии ҳаракати роҳ - фаъолияте мебошад, ки барои пешгирии сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани оқибатҳои вазнини он нигаронида шудааст".
3. Дар моддаи 9:
ба қисми якум сарсатрҳои якум ва дуюм ба мазмуни зайл илова карда шаванд:
"муайян кардан ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракати роҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муқаррар намудани низоми ягонаи қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракати роҳ";
сарсатри ҳаштуми қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
...