Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2024, № 315
тасдиқ шудааст
Консепсияи рушди киштиҳои ҳавоии бесарнишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Консепсияи рушди киштиҳои ҳавоии бесарнишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 (минбаъд - Консепсия) бо мақсади муайян намудани роҳу воситаҳои ноил шудан ба рушди киштиҳои ҳавоии бесарнишин (минбаъд - КҲБ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2. Консепсия ба рушди КҲБ ва имкони ба дараҷаи нав баланд бардоштани таъмини амнияти давлат, рушди истеҳсолот, истифодабарии технологияҳои нав дар соҳаҳои гуногун ва амалисозии хизматрасонии ҳаракати ҳавои (идоракунии парвозҳо) мусоидат менамояд.
3. КҲБ ҳама гуна дастгоҳҳо, ҳавопаймоҳо, чархболҳое мебошанд, ки бе сарнишин (ҳайат)-и дар дохилашбуда парвоз мекунанд ва ба таври фосилавӣ идорашаванда мебошанд.
2. ВАЗИФАҲОИ КОНСЕПСИЯ
4. Рушди технологияҳои муосир имкон медиҳад, ки имрӯз КҲБ вазифаҳоеро, ки дар гузашта барои онҳо дастнорас буданд, бомуваффақият иҷро кунанд. КҲБ дар соҳаҳои таъмини амнияти давлат, геодезӣ, кишоварзӣ, маҳалнигорӣ, нақлиёт, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, техногенӣ ва ғайра истифода бурда мешаванд.
5. Консепсия ба таъмини технологӣ, илмӣ, кадрӣ, истеҳсолӣ ва афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, ки чорабиниҳои зерини ба рушди КҲБ нигаронидаро дар бар мегирад, аз ҷумла ба воситаи:
- ташаккули соҳаҳои нави бозор бо афзалияти истифодаи маҷмуи маҳсулоти КҲБ, мавод, ҷузъиёт, маснуоти пуррагардонӣ, таъминоти барномавӣ, технологияҳо ва хизматрасонии истеҳсолоти миллӣ;
- таъмин намудани соҳибихтиёрии саноати шаҳрвандӣ барои маҳсулот ва технологияҳои соҳаи низоми авиатсионии бесарнишин, КҲБ, низомҳои бортию заминӣ дар доираи таҳия ва истеҳсоли низомҳои авиатсионии бесарнишин, барои таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили низоми махсуси баҳисобгирӣ, бақайдгирӣ ва назорати КҲБ дар доираи такмил ва муносибгардонии расмиёти амалкунандаи баҳисобгирӣ, бақайдгирӣ ва назорат бо дарназардошти равиши ба хавф нигаронидашуда, вобаста ба намуди дастгоҳи парвозкунанда ва шароитҳои пешбинишудаи истифодабарӣ;
- ташаккули низоми таъмини маҷмуи бехатарии истифода, баҳисобгирӣ ва назорати КҲБ ва ҷузъиёти асосии онҳо (аз ҷумла низомҳои зеҳни сунъӣ);
- ташкили низоми пайвастаи таълим, омодагардонии кадрҳо ва таъмин намудан бо кадрҳои баландихтисоси самти авиатсияи бесарнишин;
- мутобиқати КҲБ-и истеҳсолшуда ва хатти истеҳсолӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати мутахассисони истеҳсолӣ, парвозӣ (операторҳо) ва техникӣ ба талаботи муқарраргардида дар соҳаи омода намудани мутахассисони авиатсионӣ;
- таъмини амнияти иттилоотӣ (киберамният)-и низомҳои авиатсионӣ, истеҳсолӣ, ҳамаи ҷузъҳои инфрасохтори он ва рушд дар умум;
- ташаккул ва дар амал ҷорӣ намудани заминаи меъёрию техникӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд, истеҳсол ва истифодабарии КҲБ тибқи қонунгузорӣ, стандартҳо ва амалияи байналмилалии рушд ва истеҳсолот;
- таҳия ва истеҳсоли пойгоҳи ҷузъиёти электронӣ ва унсурҳои эҳтиётӣ, маҷмуаҳои барномавию дастгоҳӣ ва таъминоти платформаҳои барномавию рақамии истеҳсоли ватанӣ барои таъмини бехатарии низом.
3. РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯ БО МАҚСАДИ РУШДИ КҲБ ВА ҲАМГИРОӢ БО ФАЗОИ ЯГОНАИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
6. Самтҳои асосии рушди технология дар фазои ягонаи ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
- таъсиси низомҳои пешгирии бархчрд байни киштиҳои ҳавоии бесарнишин ва идорашаванда дар фазои ҳавоӣ;
- назорат ва идоракунӣ дар фосилаи басомадҳои бо тартиби радиоалоқаи тасдиқнамудаи Иттиҳодияи байналмилалии алоқаи барқӣ ва ҷадвали тақсимоти фосилаи радиобасомадҳо байни хадамоти алоқаи сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки мақоми ваколатдор дар соҳаи алоқаи барқӣ муқаррар намудааст;
- таъсиси шабакаҳои алоқа байни операторҳои КҲБ бо хадамоти ташкили ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз);
- ҳангоми парвози киштиҳои ҳавоии бесарнишин ва идорашаванда дар фазои ягонаи ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти алоқаи мустақими дуҷониба байни мақомоти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) ва операторони КҲБ лозим аст;
- такмил ва таҷдиди низомҳои мавҷудаи мақомоти ташкили ҳаракати ҳавоӣ. Низоми назорати мақомоти ташкили ҳаракати ҳавоӣ бояд ошкор, дақиқ ва мушаххас кардани нишондодҳои ҳаракати тамоми киштиҳои ҳавоии бесарнишин ва идорашавандаро дар фазои ягонаи ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи зарурии дақиқӣ, қобилияти иҷозатдиҳӣ, пуррагии маълумоти мушоҳидаро таъмин намояд, инчунин мутобиқ ба низомҳои стандартии назорат ва низомҳои бортии пешгирӣ аз бархчрди ҳавоии дар авиатсияи гражданӣ истифодашаванда бошад.
7. Дар минтақаҳои аэродромҳо истифодабарии истгоҳҳои маҳаллии назоратию ислоҳӣ эҳтимолу мумкин аст, ки иловаи функсионалӣ ба пойгоҳи заминӣ мебошанд. Дар сурати вайрон шудани яклухтии майдони низоми моҳворавии навигатсионии ҷаҳонӣ, навигатсия бо воситаҳои радиотехникии рчйизаминӣ ва таҷҳизоти алтернативии навигатсионии бортӣ таъмин карда мешавад. Истифодаи чунин низомҳо бо дарназардошти расидан ба мукаммалии талабшуда ва дақиқии муқаррароти навигатсионӣ бояд арзёбӣ карда шавад. Низоми мониторинги инфрасохтори навигатсионӣ барои пешниҳоди маълумот дар бораи ҳолати он пешбинӣ карда шавад. Иштирокдорони ҳаракати ҳавоӣ бояд аз ҳолати инфрасохтори навигатсионӣ огоҳ карда шаванд.
8. Низом дар бораи тағйироти ҷорӣ ё пешбинигардидаи дақиқи навигатсия огоҳӣ медиҳад. Истифодабарии васеи технологияҳо имконияти тариқи худ аз худ шинохти минтақаҳои фазои ҳавоиро, ки барои парвозҳои КҲБ, парвозҳои муштарак бо киштиҳои ҳавоии идорашаванда ва минтақаҳои мамнуи парвоз ҷудо шудаанд, таъмин мекунанд.
9. Таъминоти метеорологии парвозҳои киштиҳои ҳавоии бесарнишин ва идорашаванда дар фазои ягонаи ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз маҳзани ягонаи маълумоти метеорологии авиатсионӣ таъмин карда мешавад, ки маълумот дар бораи шароити метеорологии мушоҳидашаванда ва пешбинишавандаро дар бар мегирад. Онро мутобиқи стандартҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ ва Конвенсия оид ба авиатсияи байналмилалии гражданӣ таҳия мекунанд.
10. Бо мақсади таъмини банақшагирии парвозҳои КҲБ дар фазои ягонаи ҳавоӣ, аз он ҷумла бо мақсади истифодаи чунин технологияҳо, аз қабили минтақабандӣ зарур аст, ки дастрасии фаврии операторони КҲБ ба маҳзани ягонаи иттилооти аэронавигатсионӣ, ташкил карда шавад.
11. Пешгирии дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти низомҳои КҲБ, инчунин низомҳои пешгирӣ аз бархчрди хатҳои алоқаи радиоии рақамӣ ва идоракунӣ бояд бо воситаҳои ҳифзи иттилоотӣ тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шавад.
12. Бо мақсади бақайдгирӣ, ҷамъоварии омор ва таҳқиқи ҳама ҳодисаҳо ва садамаҳои авиатсионӣ низоми иттилоотонӣ дар бораи ҳодисаҳо ва садамаҳо таъсис дода мешавад.
13. Барои муқовимат бар зидди истифодаи ғайриқонунии КҲБ, назорати воридот ва паҳнкунии онҳо бояд инҳо мусоидат намоянд:
- таҳкими қонунии меъёрҳо, ки додани рақамҳои мушаххас ба КҲБ ҳангоми истеҳсоли онҳо дар корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин КҲБ-и истеҳсоли хориҷиро ҳангоми гузаштани расмиёти гумрукӣ пешбинӣ менамояд;
- таъсис ва истифодаи маҳзани ягонаи маълумот оид ба рақамҳои мушаххаси КҲБ-и истеҳсоли ватанӣ ва хориҷие, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд;
- ҷамъоварии маълумот дар бораи шахсони воқеии ва ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки КҲБ ба даст овардаанд ё аз хориҷа ворид кардаанд.
4. САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ КҲБ
14. Рушди КҲБ сохтор ва гурчҳбандии фазои ҳавоӣ, қоидаҳо, тартиб ва технологияи ташкили ҳаракати ҳавоиро дар бар гирифта, инчунин дар сатҳи зарурӣ парвозҳои муштараки киштиҳои ҳавоии бесарнишин ва идорашавандаро таъмин менамояд.
15. Самтҳои асосии рушди КҲБ дар пешгуӣ, таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳо, инчунин дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои ҷангӣ ифода мегарданд.
16. Бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии омилҳои хатарноки хавф ҳангоми парвозҳои КҲБ дар фазои ягонаи ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд таҳлили чунин омилҳо гузаронида шуда, чорабиниҳои зарурӣ оид ба кам кардани хавфҳои мавҷуда ва пешбинишаванда, инчунин нишондиҳандаҳои рақамии бехатарии парвозҳо дар фазои ягонаи ҳавоӣ дар асоси амалияи байналмилалии замони муосир таҳия карда шаванд:
- меъёрҳои таснифотии КҲБ ва низомҳои авиатсионии бесарнишин;
- талаботи дифференсиалӣ ба ҳайати авиатсионӣ ва омода намудани онҳо, низомҳои авиатсионии бесарнишин ва ҷузъҳои он мутобиқ ба меъёрҳои муқарраршуда ва гурчҳбандии истифодабарӣ;
- омода намудан ва иҷозат додан ба операторони КҲБ барои гузаронидани парвозҳо аз рчйи барномаҳои омодагии мувофиқ, аз ҷумла омодагии тренажёрӣ;
- таҳия, ҷорӣ намудан ва рушди технологияҳо, ки барои ҳамгироии КҲБ ҷиҳати истифодабарии ҷангӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарур мебошанд;
- ташкили таъмини иттилоотӣ ва қоидаҳои иҷрои парвозҳои КҲБ;
- такмили технологияи хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ҳангоми иҷрои парвозҳои КҲБ;
- такмили сохтор ва гурчҳбандии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани парвози КҲБ.
5. АПРОБАТСИЯИ (САНҶИДА РАСМАН ТАСДИҚ НАМУДАНИ) ТЕХНОЛОГИЯИ РУШДИ КҲБ
17. Нишондиҳандаи асосӣ барои амалӣ намудани талаботи Консепсия дар қисмати коркард ва ҷоринамоии технологияҳо ҷараёни апробатсия, ки дар он баҳодиҳии самаранокии он муайян мегардад, амалӣ карда мешавад.
18. Бо мақсади коркарди талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ барои рушд ва ҳамгироии КҲБ дар фазои ягонаи ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тестгузаронӣ, санҷишу тасдиқ (верификатсия ва валидатсия)-и технология ва усулҳои фаъолияти шуъбаю хадамоти бақайдгирӣ ва назорати истифодабарии КҲБ гузаронида мешавад.
19. Барои коркард, апробатсия, тестгузаронӣ, санҷиш ва тасдиқи технологияҳои рушд, хизматрасонии техникӣ, баҳодиҳии бехатарӣ ва сертификатсия, истеҳсол ва нигоҳдории КҲБ маҷмуи корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, лоиҳаҳои ҳавонавардӣ амалӣ карда шуда, маҷмуаҳои махсуси моделсозии таҷҳизотиву барномавӣ, аз ҷумла таҳлили бехатарии техникаи авиатсионӣ, истеҳсол ва хизматрасонии он таҳия ва таъсис дода мешаванд.
6. МЕХАНИЗМИ АМАЛИГАРДОНӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ КОНСЕПСИЯ
20. Муайян намудани самтҳои асосии фаъолият барои ноил шудан ба роҳу воситаҳои рушди КҲБ, аз ҷумла такмили қонунгузории соҳавӣ бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар, пайдарҳамии тадбирҳо тавассути ҷорӣ гардидани Консепсияи мазкур ва дар асоси он таҳияи Стратегияи амалисозии Консепсияи рушди киштиҳои ҳавоии бесарнишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 амалӣ карда мешавад.
21. Амалисозии Консепсия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои буҷетӣ таъмин карда мешавад. Сарчашмаи асосии молиявӣ маблағҳои буҷети давлатӣ мебошад. Нақши дорои аҳаммияти бештарро дар маблағгузорӣ сармоягузориҳои хусусии дохилӣ ва хориҷӣ хоҳанд дошт.
22. Заминаи ташкилии раванди амалисозии Консепсияи мазкур маблағҳои буҷетии барои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, маблағҳои шарикони иҷтимоӣ ва сарчашмаҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, мебошад.
7. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ АМАЛИГАРДОНИИ КОНСЕПСИЯ
23. Мониторинги Консепсия тибқи тартибе, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, ба роҳ монда мешавад.
24. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Консепсия аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.