ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби бақайдгирии оилаҳои занбӯри асал дар ҷойгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи занбӯриасалпарварӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби бақайдгирии оилаҳои занбӯри асал дар ҷойгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 84 "Дар бораи Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии оилаҳои занбӯри асал" аз эътибор соқит карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 июни соли 2024, № 316
ш. Душанбе,
аз 1 июни соли 2024, № 316
...