Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 майи соли 2024, № 825
тасдиқ шудааст
Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 майи соли 2024, № 825
тасдиқ шудааст
Тартиби баҳодиҳии мустақили беруна ба сифати аудите, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарондааст
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби баҳодиҳии мустақили беруна ба сифати аудите, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарондааст (минбаъд - Тартиб), роҳҳои банақшагирӣ, татбиқ ва гузарондани баҳодиҳӣ аз ҷониби мақоми баробар, ҳисобот аз натиҷаи он, пешниҳоди тавсия ва татбиқи натиҷаҳоро танзим менамояд.
2. Баҳодиҳии мустақили беруна ба сифати аудите, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Палатаи ҳисоб) гузарондааст на камтар аз як маротиба дар панҷ сол аз ҷониби аудити байналмилалии берунаи давлатӣ, ки ваколаташ ба Палатаи ҳисоб баробар аст, гузаронда шуда, хулосаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
3. Баҳодиҳӣ аз ҷониби мақоми баробар ин санҷиш ё тавсиядиҳии ихтиёрӣ аз ҷониби аудиторони берунӣ мебошад, ки бо мақсади омӯзиш, таҳлил, роҳҳои рушд ва тақвияти фаъолият, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами аудити берунаи байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи кадрӣ ва самаранокии мақоми олии аудити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. ТАРТИБИ ҲАМКОРӢ ДАР БАҲОДИҲӢ, ИНТИХОБИ ШАРИК, ЗАХИРАҲОИ ИНСОНИЮ МОЛИЯВӢ ВА БАИМЗОРАСОНИИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА ҲАМКОРӢ
4. Баҳодиҳӣ аз ҷониби мақоми олии аудити берунаи давлати хориҷӣ, ки ваколаташ бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар аст, бо дарназардошти муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон гузаронда мешавад.
5. Интихоби шарик дар амалӣ намудани баҳодиҳӣ ва аъзои гурӯҳи коршиносон вобаста ба мақсад, доираи баҳодиҳӣ ва интизорӣ аз натиҷаи баҳодиҳӣ, намуди баҳодиҳӣ, инчунин натиҷаҳои интизоршаванда ва забони муоширати тарафҳо анҷом дода мешавад.
6. Дар ҷараёни интихоби шарик ва аъзои гурӯҳи коршиносон донишу малака мутобиқи соҳа ва самти фаъолият, таҷрибаи қаблии онҳо, ҷой надоштани бархӯрди манфиатҳо, инчунин ҳолатҳои дигар, аз ҷумла мустақилияти онҳо, таъминоти захиравӣ (аз ҷиҳати шумора ва сифат), донистани забон ва сохтори ташкилии мақоми баробар муайян карда мешавад.
7. Палатаи ҳисоб баъди муайян намудани мақоми олии аудити берунаи давлати хориҷӣ, ки баҳодиҳӣ ба сифати аудитро амалӣ менамояд, ба он барои банақшагирии дуруст маълумоти дақиқ оид ба вазъи ҳуқуқӣ, вазифаҳо, сохтор ва ҳисоботи солонаи фаъолияти худро пешниҳод карда, доираи баҳодиҳӣ, ҷадвал ва масъалаи арзиши баҳодиҳиро муайян менамояд.
...