Низомномаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2024, № 822

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 майи соли 2024, № 822

Замимаи 1

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 майи соли 2024, № 822

Низомномаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Палатаи ҳисоб) мақоми олии аудити давлатӣ мебошад, ки аудити берунаи мустақили давлатиро оид ба баҳодиҳӣ ба лоиҳаи буҷети давлатӣ, ҳисоботи маҷмуии солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳо ва захираҳои давлатӣ анҷом дода, аз рӯйи натиҷаҳои он хулоса пешниҳод менамояд.

2. Палатаи ҳисоб фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3. Палатаи ҳисоб барои иҷрои вазифаҳои худ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ, вазорату идораҳо ва воҳидҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти андоз ва гумрук ҳамкорӣ менамояд.

2. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ

4. Палатаи ҳисоб вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва беғаразона ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи буҷети давлатӣ, ҳисоботи солонаи маҷмуии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва идоракунии захираҳои давлатӣ;

- ташхиси лоиҳаи буҷети давлатӣ ва аудити ҳисоботи солонаи маҷмуии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва аз натиҷаи онҳо пешниҳод намудани хулоса ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ба назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои гирифташуда ва харҷгардидаи буҷети давлатӣ ва идоракунии зарурии захираҳои давлатӣ.

5. Ваколатҳои Палатаи ҳисоб аз инҳо иборатанд:

...

Приложение 1

к указу Президента

Республики Таджикистан

от " 7 " мая 2024 года,№822

Приложение 1

к указу Президента

Республики Таджикистан

от " 7 " мая 2024 года,№822

Положение о Счётной палате Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Счётная палата Республики Таджикистан (далее - Счётная палата) является высшим органом государственного аудита, осуществляющим независимый внешний государственный аудит по оценке проекта государственного бюджета, годового консолидированного отчёта Правительства Республики Таджикистан об исполнении государственного бюджета, целевого и эффективного использования денежных средств и государственных ресурсов и по результатам предоставляет заключение.

2. Счётная палата осуществляет свою деятельность на основании Конституции Республики Таджикистан, конституционных законов и законов Республики Таджикистан, постановлений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указов и распоряжений Президента Республики Таджикистан, постановлений и распоряжений Правительства Республики Таджикистан, международных правовых актов, признанных Таджикистаном и настоящего Положения.

3. Счётная палата для выполнения своих задач сотрудничает с правоохранительными органами, органами контроля, министерствами и ведомствами, подразделениями внутреннего аудита в организациях государственного сектора, местными органами государственной власти, налоговым и таможенным органами.

2. ЗАДАЧИ И ПОЛНОМОЧИЯ СЧЁТНОЙ ПАЛАТЫ

4. Счётная палата выполняет следующие задачи:

- предоставление достоверной и объективной информации Президенту Республики Таджикистан и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан о проекте государственного бюджета, годового консолидированного отчёта Правительства Республики Таджикистан об исполнении государственного бюджета и управлении государственными ресурсами;

- проведение экспертизы проекта государственного бюджета и аудита годовой консолидированной отчётности Правительства Республики Таджикистан об исполнении государственного бюджета и предоставление по их результатам заключения Президенту Республики Таджикистан и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан для оказания содействия в контроле целевого и эффективного использования полученных и израсходованных средств государственного бюджета и соответствующего управления государственными ресурсами.

5. Полномочия Счётной палаты состоят из:

...