Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 августи соли 2022, № 419
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 августи соли 2022, № 419
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ҲИСОБ ВА ПАРДОХТ АЗ МАБЛАҒҲОИ АНДӯХТИ НАФАҚАВӢ БА ШАХСОНИ СУҒУРТАШУДА
1 .МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби ҳисоб ва пардохт аз маблағҳои андӯхти нафақавӣ ба шахсони суғурташуда (минбаъд - Тартиб) тартиби муроҷиати шахсони суғурташуда, аъзои оилаҳо, меросгирон ва дар бораи таъин намудани пардохтҳо аз андӯхти нафақа, ҳисобӣ ва индексатсияи маблағҳои андӯхти нафақавӣ, муқаррар намудани маблағҳои пардохт, муҳлат ва давраҳои амалӣ намудани пардохт, интиқол, ба ҳисоб гирифтан ва додани андӯхти нафақа, ки дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) ба ҳисоб гирифта шудаанд, муайян менамояд.
2. Дар Тартиб мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- муассисаи суғурта - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи суғуртаи нафақавӣ;
- марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ - муассисаи суғурта, ки муроҷиатҳои шахсони суғурташуда ва аъзои оилаҳои онҳоро (меросгирон) баррасӣ намуда, дар бораи пардохт ё рад кардани дархости пардохти андӯхти нафақа қарор қабул мекунанд;
- шахси суғурташуда - шахси воқеие, ки ба манфиати ӯ суғуртаи давлатии иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад;
- меросгирон тибқи васиятнома - шахсоне, ки дар васиятномаи шахси суғурташуда дар бораи тақсими маблағҳои андӯхти нафақавӣ нишон дода шудаанд;
- меросгирон тибқи қонун - меросгирони шахси фавтидаи суғурташуда, ки ба онҳо пардохти маблағҳои андӯхти нафақавии шахси фавтидаи суғурташуда аз рӯйи қонун амалӣ карда мешаванд;
- ариза дар бораи таъин - аризаи хаттии шахси суғурташуда ва аъзои оилаи онҳо (меросгирон) барои гирифтани пардохтҳо аз маблағҳои андӯхти нафақавӣ;
...