Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 аз 29 апрели соли 2024, № 240

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" апрели соли 2024, № 240

тасдиқ шудааст

Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 (минбаъд - Консепсия) таъмини имкониятҳои баробари арзёбии таҳсилотро барои таълимгирандагон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба роҳ мемонад ва ба рушди қобилиятҳои инфиродӣ, аз ҷумла ташаккули тафаккури мантиқию таҳлилӣ (интиқодӣ) ва амалӣ намудани сатҳҳои гуногуни арзёбӣ мусоидат мекунад.

2. Консепсия амалӣ намудани пайдарпайӣ ва ҳамоҳангии арзёбиҳоро дар сатҳи синф, аз синф ба синф гузаронидан, гурӯҳи академӣ, аз курс ба курс гузаронидан, аттестатсияи хатм, арзёбиҳои миллӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ менамояд. Консепсия имкон медиҳад, ки ба нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ мутобиқи талаботи арзёбӣ тағйирот ворид карда, ислоҳоти соҳаи маориф дар самти гузаронидани арзёбиҳои миллӣ, байналмилалӣ ва кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил амалӣ гардад.

3. Дар Консепсия арзишҳои миллию умумибашарӣ, эҳёи дарки худшиносии таърихӣ, ҳувият ва анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои илмию техникӣ ва таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои пешрафта ба эътибор гирифта шудааст.

4. Консепсия кафолати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, мазмуни фаъолияти онҳо ва сохторҳои зертобеи онҳоро дар самти таъмини сифат муайян менамояд. Такмили фаъолияти таҳсилотии ин муассисаҳо ба мунтазам гузаронидани арзёбии дохилӣ ва берунии сифати таҳсилот бо иштироки тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла корфармо ва иттиҳодияҳои онҳо, инчунин коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ асос меёбад.

5. Консепсия меъёрҳои арзёбиро вобаста ба сатҳҳо (синфӣ, гурӯҳи академӣ, курс, муассисавӣ, миллӣ ва байналмилалӣ) муайян намуда, ба танзим медарорад.

6. Консепсия омода намудани ҳуҷҷатҳои иловагиро барои таъмини эътимоднокӣ ва самаранокии ҳар як намуди арзёбӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пешбинӣ менамояд.

7. Консепсия ба банақшагирии раванди таҳсил мусоидат карда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти арзёбӣ дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим имкон фароҳам меорад.

8. Дар Консепсия мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- арзёбӣ - раванди мунтаззами ҷамъоварӣ, таҳлил ва тафсири маълумот бо мақсади муайян намудани самаранокии барномаҳои таълимӣ, усулҳои таълим ва ноил шудан ба ҳадафҳои таълимӣ буда, баҳодиҳӣ ба сатҳи дониш, маҳорат ва салоҳияти таълимгирандагон, инчунин арзёбии захираҳои омӯзишӣ, мавод ва муҳити омӯзишро дар бар мегирад;

- арзёбии байналмилалӣ - таҳлили мунтазами низоми таҳсилот буда, дар худ стандартҳои байналмилалӣ, низомҳои рейтингӣ, лоиҳаҳои таҳқиқотиро дар самти санҷиш, муқоисаи дастовардҳои таълимӣ ва самарабахшии низоми таҳсилоти миллӣ бо кишварҳои гуногун дар бар мегирад;

- арзёбӣ дар сатҳи синф - муйян намудани роҳҳои баланд бардоштани дараҷаи донишу маҳорат ва беҳгардонии натиҷаҳои таълими таълимгиранда;

- арзёбии ҷамъбастӣ - раванди муайян намудан ва муқоисаи сатҳи ниҳоии ташаккули дониш, малака ва маҳорати таълимгиранда аз рӯйи ҷамъбасти марҳилаҳои муайяни соли таҳсил (чоряк, рейтинг, нимсола ва солона);

- арзёбии миллӣ - таҳлили мунтазами раванди таълим дар сатҳи ҷумҳурӣ буда, санҷиши самаранокии барномаҳои таълимӣ, арзёбии салоҳиятнокии таълимгирандагон, инчунин таҳлили захираҳо ва сохтори низоми таҳсилотро бо мақсади муайн кардани сатҳи умумии он дар бар мегирад;

- арзёбии ташаккулдиҳанда - раванди ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти сифатӣ оид ба сатҳи азхудкунии маводди таълим ва мутобиқ намудани фаъолияти таълимӣ ба эҳтиёҷоти фардии таълимгиранда мебошад, ки ба рушди дониш, малака ва маҳорати ӯ равона карда шудааст;

- арзёбии ташхисӣ - муайян кардани сатҳи ибтидоии ташаккулёбии дониш, малака, маҳорат ва салоҳиятнокии таълимгиранда дар оғози чоряк, рейтинг, нимсола ва соли таҳсил ва ё омӯзиши мавзуъи китоби дарсӣ дар раванди таълим;

- аттестатсияи хатм - тартиби муқаррар намудани мутобиқатии мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот;

- барномаҳои таҳсилотӣ - маҷмуи тавсифҳои асосии раванди таҳсилот (ҳаҷм, мазмун, натиҷаҳои нақшавӣ) ва шароити ташкилию педагогӣ мебошад, ки дар шакли нақшаи таълим, ҷадвали тақвимии таълим, барномаҳои кории фаннӣ (силлабус), барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, маводди арзёбию методӣ ва барномаи кории тарбиявӣ пешниҳод шуда, нақшаи тақвимии фаъолияти тарбиявӣ, инчунин шаклҳои арзёбии фаъолияти таълимию тарбиявиро дар бар мегирад;

- кафолати сифати таҳсилот - фаъолияти якҷояи сохторҳои муассисаҳои таълимӣ оид ба амалигардонӣ ва такмили сиёсати давлатӣ дар таъмини сифати таҳсилот мебошад;

- натиҷаҳои арзёбӣ - таҳлили раванди таълим, ҳисобкунии холҳои арзёбӣ, муқоиса, гузариш аз як зинаи таҳсилот ба зинаи дигар, мониторинги самаранокии сифати таълим, тақсимоти захираҳои таълимӣ, арзёбии сифати барномаҳои таълимӣ ва натиҷаи таълим, инчунин пешниҳоди иттилоот ба аҳли ҷомеа;

- сифати таҳсилот - маҷмуи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи давлатӣ;

- таъмини сифати таҳсилот - фароҳам овардани шароит, аз ҷумла ҷудо намудани захираҳои зарурӣ (таълимию методӣ, молиявӣ, моддию техникӣ, иттилоотӣ ва кадрӣ) барои ноил гардидан ба мақсади гузошташуда дар самти болоравии сифати таҳсилот мебошад;

- ҷамъоварии маълумот - гузаронидани санҷиши сифати иҷрои барномаҳои таълимӣ (донишҳои шифоҳӣ ва хаттӣ), фаъолияти таълимгиранда, таҳлили протоколҳои баҳогузорӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари таълимии муассиса вобаста ба арзёбии сифати таҳсилот.

9. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сифати таҳсилот ва дониши таълимгирандагони муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва довталабони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сифати таҳсилот ва дониши таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро таъмин мекунад. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин равандро назорат менамояд.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КОНСЕПСИЯ

10. Мақсади Консепсия беҳтар гардонидани сифати таҳсилот ва ба танзим даровардани низоми арзёбӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот, инчунин идоракунии тадбирҳои вобаста ба низоми баҳогузорӣ ва арзёбӣ дар соҳаи маориф ифода гардида, ба амалишавии корҳои зерин мусоидат мекунад:

- мутобиқатии барномаҳои таълимӣ бо стандартҳои фаннӣ;

- арзёбии барномаи таълимӣ;

- арзёбии натиҷаҳои таҳсилоти таълимгиранда;

- мониторинги дастовардҳои таълимгиранда;

- муайян намудани механизмҳои муосири баҳогузорӣ ва арзёбии мониторинги стандартҳои давлатии таҳсилот;

- заминагузорӣ ба арзёбиҳои миллӣ ва байналмилалӣ;

- қабули қарорҳо ва идоракунии раванди таълим.

11. Консепсия маълумоти заруриро барои рушди зеҳнии таълимгирандагон бо мақсади такмили фаъолияти таълимӣ (дастгирии методӣ, такмили ихтисос, омода намудани омӯзгорони оянда дар зинаи таҳсилоти касбӣ) ва сиёсат дар самти таҳсилот (банақшагирӣ, тағйирот ба стандартҳои давлатӣ ва фаннӣ, барномаю нақшаи таълимӣ ва муқаррар намудани буҷет) тавассути муайян кардани мушкилот ва имкониятҳо дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд.

12. Консепсия ба муайян кардани дастовардҳои таълимии таълимгиранда ва арзёбии воқеъбинонаи он, ки сифати таҳсилотро таъмин мекунанд, мусоидат менамояд.

13. Вазифаҳои арзёбӣ дар соҳаи маориф:

- такмил додани раванди таълиму тарбия;

- ба даст овардани маълумоти воқеъбинона дар бораи дастовардҳои таълимгирандагон;

- ҳамгироии такмили низоми миллии арзёбии ислоҳоти соҳаи маориф (бознигарии меъёру стандартҳо, барномаҳои таълимӣ дар асоси муносибати босалоҳият, нақшаи таълимӣ, мониторинг ва арзёбии низоми такмили ихтисоси омӯзгорон);

- истифодаи самараноки натиҷаҳои арзёбии ташхисӣ, ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ аз ҷониби омӯзгорон;

- арзёбии синфӣ, муассисавӣ ва миллӣ барои идоракунии самаранок бо мақсади ба даст овардани маълумоти воқеъбинона дар бораи сифати таълим, таъмини иштироки кишвар дар арзёбии байналмилалӣ;

- ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ байни омӯзгорон, таълимгирандагон, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ дар раванди арзёбии сифати таҳсилот;

- омода намудани мутахассисон дар ин самти фаъолият.

3. РАВАНДИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

14. Консепсия арзёбии сифати таҳсилотро дар ҳама зинаҳои таҳсилот дар заминаи амалияи мавҷуда ва дастовардҳои кишварҳои пешрафта дар ин соҳа пешбинӣ менамояд.

15. Арзёбӣ дар муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи Консепсия ба таври зерин ба роҳ монда мешавад:

- сабт, таҳлил, хулосабарорӣ ва баҳодиҳии мунтазами натиҷаҳои бадастомадаи таълимгиранда дар раванди таълим;

- муқаррар намудани мутобиқатии мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот тавассути аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм;

- воқеъбинона, шаффоф ва одилона баҳо додани дониши довталабон, таъмини баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тибқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ;

- ташкили мониторинг, муайян кардани сифати таҳсилот ва иштирок дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши таълимгирандагон.

16. Консепсия ҳамоҳангии ҳама гуна арзёбӣ, аз ҷумла арзёбии дохилисинфӣ, аттестатсияи хатм, имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, арзёбии миллӣ ва байналмилалиро таъмин намуда, натиҷаҳои бадастомада оид ба пешрафти таълимгирандагонро муайян менамояд.

17. Арзёбии миллӣ натиҷаи пешрафт тибқи меъёри стандартҳои фаннӣ дар марҳилаҳои муайян пешниҳод ва дар давраҳои муайян гузаронида, таҳлил ва истифодаи он зимни муқоисаи рушди таълим, ояндабинии он (дастгирии методӣ, такмили ихтисос, омӯзиши кадрҳои педагогӣ, маводди иловагии таълим) ва сиёсати давлатӣ дар соҳа (тағйирот ба стандартҳо, барномаҳои таълимӣ, нақшаи таълим, китобҳои дарсӣ) ба роҳ монда мешавад.

18. Арзёбии миллӣ дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта бо дар назар доштани рушди миллии арзёбии сифати таҳсилот дар заминаи захираҳои мавҷуда ва талаботи низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси барномаю нақшаҳои муқарраршуда гузаронида шуда, натиҷаҳои пешрафтро дар асоси меъёрҳои стандарти давлатӣ ва фаннӣ дар марҳилаҳои муайян пешниҳод менамояд.

19. Барои тақвияту дастгирии раванди арзёбиҳои миллӣ тадбирҳои зерин андешида мешаванд:

- банақшагирӣ ва идоракунӣ;

- муайян намудани муқаррарот;

- муайян намудани давра ва муҳлати гузаронидани арзёбӣ;

- омода кардани воситаҳо;

- баргузории арзёбӣ;

- ҷамъоварии маълумот;

- коркард ва таҳлили натиҷаҳо;

- баррасӣ, ҳисоботдиҳӣ ва интишори натиҷаҳои арзёбӣ.

20. Зимни гузаронидани арзёбии миллӣ аз шаклҳои зерини баҳодиҳӣ ба монандӣ тестӣ, суҳбат, мушоҳида, диктант, эссе, корҳои хаттӣ, пурсиши шифоҳӣ, баҳодиҳӣ ба малака ва маҳорат истифода намуда, меъёрҳои арзёбии дастовардҳои таълимии таълимгирандагон муайян ва барои гузаронидани арзёбии миллӣ, дастур, маҷмуи масъалаҳо, маҷмуи корҳои амалию лабараторӣ ва роҳнамоҳо таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

21. Баъд аз анҷом додани мониторинг оид ба арзёбии миллӣ натиҷаҳои асосии он мавриди муҳокима ва хулосабарориҳо қарор дода шуда, тариқи муайян намудани дастовард ва мушкилоти муассисаи таълимӣ дар самти таъмин намудани сифати таҳсилот ба тарафҳои манфиатдор пешниҳод карда мешавад.

22. Консепсия ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ шароит фароҳам меорад.

23. Ҳадафи арзёбии байналмилалӣ:

- пайгирии пешрафти дастовардҳои таҳсилот;

- муайян намудани омилҳои таъсиррасон (шароити таълим дар хона ва муассисаҳои таълимӣ, таҷрибаи таълимӣ, худомӯзӣ) ба натиҷаи омӯзиши таълимгиранда;

- ҷамъоварии маълумот ҷиҳати татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф;

- баррасии натиҷаҳо оид ба афзалиятҳои асосии мазмуни таҳсилоти миллӣ.

24. Арзёбии байналмилалӣ барои муқоисаи натиҷаҳои низоми таҳсилоти як кишвар бо кишварҳои дигар замина гузошта, барои муайян кардани рейтинги он дар низоми байналмилалии таҳсилот мусоидат мекунад.

25. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар барномаҳои арзёбии байналмилалӣ манфиатдор мебошад.

26. Масоили муҳими таҳқиқот ва меъёрҳои арзёбии пешрафти таълимии таълимгирандагон барои ҳамаи кишварҳои аъзо муқаррар карда шуда, воситаҳои гузаронидани арзёбӣ бо забони давлатӣ тарҷума карда мешаванд, ки натиҷаҳои он ба тарафҳои манфиатдор барои корбарӣ ҷиҳати такмили фаъолияти соҳаи маориф пешниҳод мегардад.

27. Зинаи таҳсилоти умумӣ дар низоми маорифи кишвар мақоми асосии бунёдӣ дорад, зеро маҳз дар ҳамин давра таълимгирандагон аз ҷиҳати равониву ҷисмонӣ рушд ёфта, донишҳои заминавиро аз худ мекунанд ва касби ояндаашонро интихоб менамоянд.

28. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ арзёбии сифати таҳсилот дар татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим бо мақсади такмили савияи дониш ва малакаҳои заминавии таълимгирандагон гузаронида мешавад.

29. Тибқи Консепсия арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таври зерин ба роҳ монда мешавад:

- арзёбии дохилисинфӣ;

- аттестатсия (аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм);

- арзёбии миллӣ;

- арзёбии байналмилалӣ.

30. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ арзёбии дохилисинфӣ бо мақсади муайян ва таҳкими сатҳи дониш, рушди салоҳиятнокӣ ва мустаҳкам кардани натиҷаҳои таълими таълимгирандагон ба роҳ монда мешавад.

31. Арзёбии дохилисинфӣ аз ҷузъҳои зерин иборат аст:

- арзёбии ташхисӣ;

- арзёбии ташаккулдиҳанда;

- арзёбии ҷамъбастӣ.

32. Арзёбие, ки бо мақсади муайян кардани дониш, малака ва маҳорати заминавии таълимгирандагон гузаронда мешавад, арзёбии ташхисӣ ном дорад. Арзёбии ташхисӣ минтақаи наздиктарини инкишоф, сатҳи ибтидоии ташаккули дониш, малакаю маҳорат ва салоҳиятнокии таълимгирандагонро муайян мекунад. Арзёбии ташхисӣ дар оғози соли таҳсил ё дар машғулияти аввали давраи таълимӣ гузаронида мешавад.

33. Арзёбии ташаккулдиҳанда раванди пайвастаи ҷамъоварии маълумот оид ба сатҳи дарк, азхудкунии маводди таълимӣ ва мутобиқ намудани фаъолиятҳои таълимию омӯзишӣ ба ниёзи фардии таълимгиранда буда, аз натиҷаи он хулоса пешниҳод мегардад. Арзёбии ташаккулдиҳанда раванди давомдори нақшавӣ ва такроршаванда ба ҳисоб рафта, воситаи кафолати сифати таҳсилот, таҳлили боэътимод ва самарабахши раванди таълим мебошад.

34. Арзёбии ҷамъбастӣ дар анҷоми марҳилаи муайяни таълим (чоряк, рейтинг, нимсола ва соли таҳсил) гузаронида мешавад. Мақсади асосии ин марҳилаи арзёбӣ мониторинги натиҷаҳои фаъолияти таълими таълимгирандагон мебошад.

35. Арзёбии ҷамъбастӣ дастоварду пешрафти таълимгирандагонро дар азхудкунии талаботи стандарти таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ муайян ва баҳогузорӣ намуда, ҳамчун усули расмии асосии пешниҳоди натиҷаҳои ниҳоии таълимии таълимгирандагон ба падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда пазируфта мешавад.

36. Аттестатсияи хатми таълимгирандагони синфҳои 9 ва 11 як ҷузъи арзёбии ҷамъбастӣ мебошад, ки тибқи муқаррарот баргузор гардида, дар раванди он сатҳи салоҳияти таълимие, ки таълимгирандагон бо дарназардошти меъёру стандартҳои барномаи таълимӣ аз худ намудаанд, муайян карда мешавад.

37. Арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ кафолати сифати таҳсилот мониторинг, назорат ва таҳлили ташаккулёбии салоҳияти таълимгиранда (умумифарҳангӣ, касбӣ, умумикасбӣ, тахассусӣ ва фаннӣ)-ро, ки дар стандарт ва барномаҳои таҳсилотӣ дарҷ ёфтаанд, дар бар мегирад.

38. Арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ тавассути аттестатсияҳои ҷорӣ, фосилавӣ ва ҷамъбастӣ сурат мегирад. Дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ низоми холдиҳӣрейтингии арзёбии сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби таълимгирандагон амал мекунад.

39. Низоми холдиҳӣ-рейтингӣ яке аз воситаҳои арзёбии сифати таҳсилот буда, барои мутобиқгардонии барномаҳои таълимӣ ва низоми арзёбии азхудкунии онҳо ба стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ ва барномаҳои байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот имкон медиҳад.

40. Низоми холдиҳӣ-рейтингӣ ҳамчун воситаи арзёбии сифати таҳсилот барои гузаштан аз аттестатсияҳои давлатӣ мусоидат мекунад.

41. Қабули имтиҳонҳои ҷорӣ, фосилавӣ (рейтинг) ва ҷамъбастӣ барои муайян кардани рейтинги таълимгиранда дар давоми соли таҳсил ва тамоми давраи таҳсил имконият медиҳад.

42. Тибқи Консепсия арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба таври зерин ба роҳ монда мешавад:

- арзёбии гурӯҳи академӣ;

- арзёбии курс;

- имтиҳонҳои ҷорӣ, фосилавӣ (рейтинг) ва ҷамъбастӣ;

- арзёбии миллӣ (барои муайян кардани мақоми муассисаи таълимӣ);

- арзёбии байналмилалӣ (барои гирифтани аккредитатсияи байналмилалӣ ҷиҳати муайян намудани мақоми муассисаи таълимӣ дар низоми байналмилалии таҳсилоти касбӣ).

4. МУШКИЛОТИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН

43. Мушкилоти арзёбии сифати таҳсилот инҳо мебошанд:

- ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои арзёбӣ дар соҳаи маориф;

- дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ нагардидани ташхис, таҳлил ва арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;

- муайян ва коркард нашудани моделҳои арзёбӣ вобаста ба шаклҳои муассисаҳои таълимӣ ва зинаҳои таҳсилот;

- мавҷуд набудани ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои арзёбии сифати таҳсилот бо ташкилоту муассисаҳои соҳаи маорифи давлатҳои пешрафта;

- мавҷуд набудани механизмҳои ягонаву муътамади арзёбии сифати таҳсилот дар соҳаи маориф;

- ҷавобгӯй набудани меъёри амалкунандаи баҳодиҳӣ (5 хол) ба татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим.

44. Роҳҳои ҳалли мушкилоти арзёбии сифати таҳсилот инҳо мебошанд:

- бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ба низоми бисёрхолаи арзёбӣ гузаштан;

- аз нав дида баромадани усулҳои арзёбӣ, навсозии барномаҳои таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии таълимӣ;

- тавсеаи мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот дар сатҳи давлатӣ;

- додани таваҷҷуҳ ба рушди малакаҳои тафаккури интиқодӣ ва эҷодкорӣ дар раванди таълим;

- дастгирии таҳсилоти фарогир барои ба назар гирифтани ниёзҳои гуногуни таълимгирандагон;

- таъмини шаффофият ва дастрасии маълумот дар бораи сифати таълим ҷиҳати идоракунии самаранок ва ислоҳи камбудиҳо дар ин самт;

- ҷалби фаъолонаи ҷомеа ба раванди таҳия ва навсозии стандарт ва барномаҳои таълимӣ;

- дастгирии таҳқиқоти педагогӣ барои дарёфти усулҳои инноватсионии таълим, инчунин таъмини имкониятҳои баробар ва дастрасӣ ба таҳсилот барои ҳамаи гурӯҳҳои ҷомеа.

5. АМАЛИСОЗИИ КОНСЕПСИЯ ВА МАРҲИЛАҲОИ АРЗЁБИИ ОН

45. Амалисозии Консепсия кафолати ҳалли мушкилоти арзёбиро тавассути тадбирҳои зерин таъмин менамояд:

- омода кардани мутахассисон ва масъулони соҳаи маориф ҷиҳати татбиқи арзёбии сифати таҳсилот;

- такмили ихтисоси омӯзгорон;

- дастгирии омӯзгорон аз рӯйи натиҷагирии пешрафти таълимгирандагон;

- таҳияи низоми такмилёфтаи арзёбӣ;

- додани таваҷҷуҳи бештар ба нақши таълимгиранда дар дарки моҳияти омӯзиш ва худбаҳодиҳӣ;

- пешниҳоди таҳлил, ҷамъоварӣ ва ҳисоботдиҳии натиҷаи арзёбӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

- инъикос ва истифодаи васеи натиҷаҳои арзёбии миллӣ ва аттестатсияи хатм;

- таҳияи заминаи меъёрӣ барои таъмини шаффофият ва адолатнокӣ;

- фароҳам овардани имконият ва шароити мусоид баҳри густариши таҷрибаи ҳамкорӣ;

- назорат ва ба роҳ мондани арзёбии ташаккулдиҳанда.

46. Дар рафти амалисозии Консепсия корҳои зерин ба анҷом расонида мешаванд:

- коркарди тартиби арзёбии миллӣ ва дар асоси натиҷаҳои бадастомада ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти умумиҷаҳонӣ;

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба стандарт, низоми арзёбӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва курсҳои такмили ихтисос;

- баррасии натиҷаҳои арзёбӣ бо мақсади таъмини талабот ва қонеъ намудани ниёзи таълимгиранда ба омӯзиш ва таълимдиҳии ташаккули шахсият;

- ба роҳ мондани низоми арзёбии дохилисинфӣ, аттестатсияи хатм, имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, арзёбии миллӣ ва байналмилалӣ бо мақсади ба даст овардани маълумоти боэътимод;

- истифодаи натиҷаи арзёбиҳо аз ҷониби омӯзгорон;

- ба роҳ мондани робитаи мутақобилаи омӯзгор, таълимгиранда, волидайн (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва маъмурияти муассисаи таълимӣ дар раванди арзёбӣ.

47. Сифати таҳсилот дар марҳилаҳои зерин арзёбӣ мегардад:

1) марҳилаи якум:

- таҳлили вазъи мавҷуда дар самти арзёбии сифати таҳсилот;

- таҳияи санадҳои меъёрии арзёбии сифати таҳсилот, аз ҷумла санадҳои меъёрии арзёбии барномаҳои таҳсилотӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимию методӣ, лексионӣ, амаливу таҷрибавӣ ва ғ.;

- ба роҳ мондани низоми арзёбии дохилисинфӣ, аттестатсияи хатм, имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, миллӣ ва байналмилалӣ бо мақсади гирифтани таҳсилоти боэътимод;

- таҳияи усулҳои стандартикунонидашудаи арзёбӣ;

- таҳияи тестҳо, воситаҳо ва меъёрҳои арзёбӣ;

- омода кардани мутахассисон ва масъулони соҳаи маориф барои татбиқи арзёбии сифати таҳсилот.

2) марҳилаи дуюм:

- таҳия ва навсозии барномаҳо ва маводди таълимӣ;

- таҳлил ва таҷдиди барномаҳою маводди таълимии мавҷуда барои қонеъ кардани онҳо ба талаботи муосири таълимӣ;

- дар асоси натиҷаҳои бадастомада ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти миллӣ;

- омӯзиши таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ дар самти арзёбии сифати таҳсилот;

- омода кардани маводи нави таълимӣ, аз ҷумла маводди таълимии рақамӣ;

- такмили ихтисоси омӯзгорон дар самти арзёбии сифати таҳсилот;

- иштирок дар арзёбии байналмилалии сифати таҳсилот ба таври пилотӣ.

3) марҳилаи сеюм:

- ташкили семинарҳо ва вебинарҳо барои омӯзгорон бо таваҷҷуҳ ба усулҳои нави таълим ва арзебӣ;

- татбиқи технологияҳои рақамӣ дар раванди такмили ихтисоси омӯзгорон вобаста ба арзёбии сифати таҳсилот;

- ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим, аз ҷумла таҳия ва истифодаи платформаҳои онлайнӣ барои арзёбии сифати таҳсилот;

- таҳияи барномаҳои электронии арзёбии сифати таҳсилот;

- баррасии натиҷаҳои арзёбӣ ҷиҳати таъмини талабот ва қонеъ намудани ниёзи хонанда ба омӯзиш ва таълими ташаккули шахсият;

- ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи моделҳои самараноки арзёбии сифати таҳсилот;

4) марҳилаи чорум:

- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар самти арзёбии сифати таҳсилот;

- татбиқи моделҳои арзёбии сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ;

- инъикос ва истифодаи васеи натиҷаҳои арзёбии миллӣ ва байналмилалӣ;

- таҳияи дурнамои арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;

- натиҷагирӣ ва таҳлили вазъи сифати таҳсилот ва дастовардҳо дар ин самт;

- мунтазам иштирок намудани ҷумҳурӣ дар арзёбиҳои байналмиалии сифати таҳсилот;

- баргузории пажӯҳиши миллӣ оид ба арзёбии сифати таҳсилот мутобиқ ба низоми байналмилалии арзёбӣ;

- таҳияи низоми дастгирии омӯзгорон оид ба натиҷагирии пешрафти таълимгирандагон.

6. НАТИҶАҲОИ АМАЛИШАВИИ КОНСЕПСИЯ

48. Консепсия барои такмили стандарту барномаҳои таълимӣ ва мазмуни китобҳои дарсӣ мусоидат намуда, дар раванди ислоҳоти арзёбии сифати таҳсилот, такмили стандарт, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва курсҳои баландбардории маҳорати касбии омӯзгорон муҳим арзёбӣ мегардад. Консепсия барои ҳалли масъалаҳои зерин мусоидат менамояд:

- рушди касбӣ ва таълим барои дастгирии маърифати тарафҳои манфиатдор дар самти арзёбӣ;

- дастгирии методии омӯзгорон зимни баррасӣ кардани натиҷаҳои арзёбии ҷамъбастии таълимгирандагон;

- дастгирии таҷрибаи арзёбии ташаккулдиҳанда, аз ҷумла намунаи корҳои таълимгиранда;

- таҳияи мавод оид ба такмили арзёбии дохилисинфӣ;

- ҳавасмандгардонии муассисаҳо барои таҳияи супоришҳо ҷиҳати арзёбӣ, таҳлили натиҷаҳои аттестатсияҳои аз синф ба синф гузарондан ва хатм, имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва пешниҳоди ҳисобот.

7. МАБЛАҒГУЗОРИИ КОНСЕПСИЯ

49. Амалисозии муқаррароти Консепсия аз ҳисоби маблағҳои буҷетии барои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ва вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, инчунин сармоягузориҳои хориҷии созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, шарикони иҷтимоӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.

50. Барои амалигардонии Консепсия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи дахлдор тасдиқ карда мешавад.

51. Маблағгузори ширкат дар барномаҳои байналмилалии арзёбӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

8. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ АМАЛИСОЗИИ КОНСЕПСИЯ

52. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Консепсия аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

53. Аз рафти амалисозии Консепсия мақоми дахлдор ҳар сол ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои он маълумот пешниҳод менамоянд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалисозии Консепсия маълумот пешниҳод мекунад.

54. Маълумот оид ба рафти амалисозии Консепсия ва ҳисоботи солона дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.

9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

55. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ ҷиҳати амалисозии Консепсия бо шарикони рушд ҳамкорӣ менамояд.

56. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалисозии самаранокии Консепсия тадбирҳои дахлдор андешида, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.