Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2024, № 240 "Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044

Мутобиқи моддаҳои 4, 10 ва 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалисозии Консепсияи мазкур тадбирҳои амалӣ андешад.

3. Амалисозии Консепсияи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасола барои вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ пешбинишудаи буҷети давлатӣ, инчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ, шарикони рушд, грантҳо ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода шавад.

4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлати се моҳ ҷиҳати амалишавии Консепсияи мазкур лоиҳаи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044-ро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 апрели соли 2024, № 240