Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, № 190 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, № 464"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, № 464

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, № 464 "Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ карда мешавад ва Номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони синну солашон аз 55 болои онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда мешавад, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).".

2. Дар замима калимаи "Замима" ба калима ва рақами "Замимаи 1" иваз карда шуда, бандҳои 53-77 ва эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"53. Амирнишинии Андорра

54. Баҳамас

55. Босния ва Гертсеговина

56. Ҷумҳурии Федеративии Бразилия

57. Ҷумҳурии Булғористон

58. Ҷумҳурии Коста Рика

...

59. Ҷумҳурии Кипр

60. Ирландия

61. Ҷумҳурии Малта

62. Ҷумҳурии Ҷазираҳои Маршал

63. Иёлоти Муттаҳидаи Мексика

64. Муғулистон

65. Черногория

66. Салтанати Умон

67. Руминия

68. Федератсияи Сент-Китс ва Невис

69. Сент-Люсия

70. Ҷумҳурии Сан-Марино

71. Ҷумҳурии Сербия

72. Ҷумҳурии Словакия

73. Ҷумҳурии Словения

74. Ҷазираҳои Сулаймон

75. Сент-Винсент ва Гренадинӣ

76. Вотикон

77. Давлати Фаластин (нисбати шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ/махсус).

Эзоҳ: Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, инчунин принсипи мутақобила, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад низоми бераводиди яктарафаро нисбат ба баъзе кишварҳои хориҷӣ муваққатан боздошт намояд.".

3. Замимаи 2 илова карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 марти соли 2024, № 190 

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 марти соли 2024, № 190

Номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони синну солашон аз 55 болои онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда мешавад

1. Ҷумҳурии Албания

2. Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир

3. Барбадос

4. Ҷумҳурии Вануату

5. Ҷумҳурии Мардумии Чин

6. Иттиҳоди Доминика

7. Ҷумҳурии Фиҷӣ

8. Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаос

9. Ҷумҳурии Лубнон

10. Ҷумҳурии Мадагаскар

11. Подшоҳии Марокаш

12. Ҷумҳурии Мақдунияи Шимолӣ

13. Ҷумҳурии Никарагуа

14. Ҷумҳурии Панама

15. Ҷумҳурии Тунис

16. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам

Эзоҳ: Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, инчунин принсипи мутақобила, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад низоми бераводиди яктарафаро нисбат ба баъзе кишварҳои хориҷӣ муваққатан боздошт намояд.