ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, № 237 "Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- банди 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"13. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои гуногуни созмонҳои хонандагон таъсис додан мумкин аст.";
- дар банди 31 калимаҳои "синфҳои ислоҳӣ (махсус)" ва "синфҳои махсус (ислоҳӣ)" ба калимаҳои "синфҳои ислоҳӣ (коррексионӣ)" иваз карда шаванд;
- банди 49 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"49. Соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 сентябр оғоз гардида, 31 май ба анҷом мерасад. Давомнокии соли таҳсил бе баҳисобгирии аттестатсияи давраи ҷамъбастӣ 35 ҳафтаи таълим (барои синфҳои якум 34 ҳафта)-ро дар бар гирифта, ба ду нимсола ва чор чоряк тақсим мешавад:
- нимсолаи аввал аз 1 сентябр то 31 декабр;
- нимсолаи дуюм аз 8 январ то 31 май.
Дар нимсолаи аввал:
- чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр;
...