Тартиби назорат, муоина ва ташхиси роҳҳои автомобилгард аз 28 марти соли 2024, № 174

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, № 174

Замима ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, № 174

Тартиби назорат, муоина ва ташхиси роҳҳои автомобилгард

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби назорат, муоина ва ташхиси роҳҳои автомобилгард (минбаъд - Тартиб) гузарондани корҳои назорат, муоина ва ташхиси роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро муайян мекунад. Гузарондани корҳои назорат, муоина ва ташхиси роҳҳои автомобилгарди истифодаи ғайриумумро соҳибони ин намуд роҳҳои автомобилгард амалӣ менамоянд.

2. Тартиби мазкур барои ташкилотҳои роҳдорие, ки бо таъмир ва нигоҳдории роҳҳо машғуланд, инчунин барои ташкилотҳое татбиқ мегардад, ки азназаргузаронӣ ва баҳодиҳии ҳолати роҳҳоро анҷом медиҳанд.

3. Тартиби назорат, муоина ва ташхиси роҳҳои автомобилгард дар асоси меъёрҳои сохтмонии идоравӣ таҳия гардида, ба сифати дастурамал барои гузаронидани назорат, муоина ва ташхиси роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва ба нақша гирифтани корҳои таъмири роҳ пешбинӣ мегардад.

4. Тартиб иҷрои корҳоро оид ба гузарондани ташхис ва арзёбии ҳолати роҳҳо, татбиқи методологияи баҳодиҳии ҳар як нишондиҳандаи ҳолати роҳ ва ташаккули махзани маълумот, принсипҳои банақшагирӣ ва арзёбии самаранокии таъмири роҳҳоро аз рӯйи натиҷаҳои ташхис дар шакли тасдиқӣ баррасӣ мекунад.

5. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ташхиси роҳҳои автомобилгард - муоина, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи нишондиҳандаҳо, хусусиятҳо ва шароити фаъолияти роҳҳо ва иншооти роҳ, мавҷудияти нуқсонҳо ва сабабҳои пайдоиши онҳо, хусусиятҳои ҷараёни ҳаракати нақлиёт ва иттилооти дигаре, ки барои баҳодиҳӣ ва арзёбӣ дар вақти истифодабарии минбаъда заруранд;

- арзёбии ҳолати нақлиётию истифодабарӣ - муайян кардани дараҷаи мутобиқат ба талаботи меъёрии хусусиятҳои воқеии истеъмолии роҳҳо, андозаҳо ва тавсифи асосии онҳо;

- дараҷаи техникии роҳ - дараҷаи мутобиқат ба талаботи меъёрии андозаҳо ва хусусиятҳои доимии геометрии роҳ ва иншооти муҳандисии он;

- ҳолати нақлиётию истифодабарии роҳи автомобилгард - маҷмуи арзишҳои воқеии андозаҳо ва хусусиятҳои сатҳи техникӣ ва ҳолати истифодабарӣ ҳангоми тадқиқот ва арзёбӣ, ки хосиятҳои истеъмолии онро таъмин мекунанд;

- хусусиятҳои техникию истифодабарии роҳ - хусусиятҳои эътимоднокӣ ва самаранокии роҳ ҳамчун иншооти муҳандисӣ, ки мустаҳкамии фарш, ҳамворӣ, ноҳамворӣ, часпидани пӯшишҳо ва устувории хокро дар бар мегирад.

2. МАҚСАДИ АСОСИИ МУОИНА ВА ТАШХИСИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД

...

Приложение к

постановлению Правительства

 Республики Таджикистан

от "28" марта 2024 года, №174

Приложение к

постановлению Правительства

 Республики Таджикистан

от "28" марта 2024 года, №174

Порядок контроля, обследования и диагностики автомобильных дорог

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок контроля, обследования и диагностики автомобильных дорог (далее - Порядок) определяет общий порядок проведения работ по контролю, обследованию и диагностике автомобильных дорог. Контроль, обследования и диагностику автомобильных дорог необщего пользования осуществляют владельцы данного вида автомобильных дорог.

2. Настоящий Порядок распространяется на автомобильные дороги предназначенные для дорожных организаций, занятых ремонтом и содержанием дорог, а также для организаций, осуществляющих их осмотр и оценку.

3. Порядок контроля, обследования и диагностики автомобильных дорог разработан на основе ведомственных строительных норм и предназначен в качестве руководства для проведения контроля, обследования и диагностики автомобильных дорог общего пользования и планирования дорожно-ремонтных работ.

4. Порядок определяет выполнение работ по диагностике, реализовать методологию оценки каждого показателя состояния дороги и формирования банка данных, рассматривают принципы планирования и оценки эффективности дорожно-ремонтных работ по результатам диагностики.

5. В настощем Порядке используются следующие основные понятия:

- диагностика автомобильных дорог - обследование, сбор и анализ информации о параметрах, характеристиках и условиях функционирования дорог и дорожных сооружений, наличии дефектов и причинах их появления, характеристиках транспортных потоков и другой информации необходимой для оценки и прогноза состояния дорог и дорожных сооружений в процессе дальнейшей эксплуатации;

- оценка транспортно-эксплуатационного состояния - определение степени соответствия нормативным требованиям фактических потребительских свойств автомобильных дорог, их основных параметров и характеристик;

- технический уровень дороги - степень соответствия нормативным требованиям постоянных геометрических параметров и характеристик дороги и ее инженерных сооружений;

...