Низомномаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров аз 28 марти соли 2024, № 172

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 марти соли 2024, № 172

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 марти соли 2024, № 172

Низомномаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров (минбаъд - Низомнома) тартиби пешниҳод ва баррасии корҳои довталабонро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров (минбаъд - Ҷоиза), мақом ва ваколатҳои кумитаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров (минбаъд - Кумита), инчунин тартиби супоридани Ҷоизаро муайян менамояд.

2. Ҷоиза барои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаҳои зерини илм дода мешавад:

- таърихи халқи тоҷик;

- бостоншиносӣ;

- мардумшиносӣ;

- шарқшиносӣ.

3. Натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии барои озмун ба дарёфти Ҷоиза пешниҳодшаванда бояд дорои натиҷаҳои нав ва кашфиёт буда, илми ватаниро дар ин соҳаҳо ба қадри назаррас ғанӣ гардонида, инчунин ба муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон дар ҷумҳурӣ ва арсаи байналмилалӣ мусоидат намоянд.

4. Ҳуқуқи пешниҳоди корҳои илмию таҳқиқотиро ҷиҳати иштирок дар озмун барои дарёфти Ҷоиза олимони соҳиби дараҷаҳои илмӣ доро мебошанд.

...

Приложение 1 к

постановлению Правительства

Республика Таджикистан

от "28" марта 2024 года, №172

Приложение 1 к

постановлению Правительства

Республика Таджикистан

от "28" марта 2024 года, №172

Положение о Государственной премии академика Бободжона Гафурова

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о Государственной премии академика Бободжона Гафурова (далее - Положение) определяет порядок представления и рассмотрения научно-исследовательских работ на соискание государственной Премии академика Бободжона Гафурова (далее-Премия), статус и полномочия комитета Государственной премии академика Бободжона Гафурова (далее - Комитет), а также порядок вручения Премии.

2. Премия присуждается за научно-исследовательские работы в следующих областях науки:

- история таджикского народа;

- археология;

- этнография;

- востоковедения.

3. Результаты научно-исследовательских работ, представленные для участия в конкурсе на соискание Премии, должны содержать новые результаты и открытия и существенно обогатить отечественную науку в этих областях, а также способствовать представлению древней истории и культуры таджиков на республиканской и международной аренах.

4. Право представления научно-исследовательских работ для участия в конкурсе на соискание Премии имеют учёные обладающие учеными степенями.

...