ҲУКУМАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019, №550
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019, № 550 "Дар бораи Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- банди 13(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"13(1). Маблағи хироҷ ва хизматрасониҳое, ки дар Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.";
- дар сархати сеюми банди 16 калимаҳои "расиди (квитансия) пардохти" ба калимаҳои "пардохт шудани" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 феврали соли 2024, № 103
ш. Душанбе,
...