ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 1998, № 84
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷумлаи панҷуми банди 1.9.6 Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 1998, № 84 "Дар бораи таҳрири нави "Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Рӯйхати корхонаю муассисаҳои стратегӣ ва ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти муназзамашон махсусан муҳим ба ҳисоб меравад, инчунин тартиби қатъ намудани қувваи барқ дар онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳаи энергетика муайян карда мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 феврали соли 2024, № 100
ш. Душанбе,
аз 27 феврали соли 2024, № 100
...