Тартиби бақайдгирии давлатии оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан аз 27 феврали соли 2024, № 98

Санаи амалкуни: 27.02.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 феврали соли 2024, № 98

тасдиқ шудааст

Тартиби бақайдгирии давлатии оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан

1. Тартиби бақайдгирии давлатии оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан (минбаъд - Тартиб) барои амалӣ гардонидани бақайдгирии оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, инчунин қабристонҳои ҳарбӣ, қитъаҳои алоҳидаи ҳарбӣ дар қабристонҳои умумии ҳарбӣ ва берун аз онҳо, ҷойи инфиҷор ё сукуткардаи техникаю ҳавопаймоҳои ҳарбӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди давлатҳои дигар таҳия шудааст.

2. Бақайдгирии оромгоҳҳои ҳарбии ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар ҳудуди давлатҳои дигар - аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии он мувофиқан дар асоси муроҷиати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияи дахлдор ва намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар амалӣ карда мешавад.

3. Барои ҳар як оромгоҳи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, новобаста ба маҳалли кашфи онҳо, нишонаи ёдбуд тибқи замимаи 1 гузошта шуда, шаҳодатнома (ҳуҷҷатҳо) тибқи замимаи 2 тартиб дода мешавад.

4. Ҳангоми ошкор шудани оромгоҳҳои куҳнаи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ва ё қаблан номаълум, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ҷойи дафнро тибқи тартиби муқаррарнамуда таъин ва ба қайд мегирад, инчунин дар ҳолати зарурӣ аз нав дафн кардани боқимондаи ҷасади онҳоро ташкил мекунад ва барои таъмини бехатарии қабрҳои навтаъсис чораҳо меандешад.

5. Шаҳодатнома (оромгоҳи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати дигар) дар се нусха тартиб дода мешавад. Агар шумораи дафншудагон, ки ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалок шудаанд, аз 10 нафар зиёд бошанд, ба шаҳодатнома рӯйхати дафншудагон замима карда мешавад.

6. Дар ҳолати дафн намудани боқимондаи ҷасади навёфти ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, дар асоси санади дафни ҳалокшудагон ба шаҳодатнома ва рӯйхати дафншудагон тағйирот ворид карда мешавад.

7. Барои риоя накардани Тартиб шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ниг. ба Замимаҳои 1-2