ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби бақайдгирии давлатии оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби бақайдгирии давлатии оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалишавии Тартиби мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 феврали соли 2024, № 98
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Порядке государственного учета захоронений погибших при защите Отечества
В соответствии со статьей 9 Закона Республики Таджикистан "Об увековечении памяти погибших при защите Отечества" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить Порядок государственного учета захоронений погибших при защите Отечества (прилагается).
2. Министерству обороны Республики Таджикистан и Министерству иностранных дел Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти принять необходимые меры по реализации настоящего Порядка.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 27 февраля 2024 года №98