Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2009 № 671
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2009 № 671 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 июли соли 2009:
- маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг 30 фоиз зиёд карда шавад.
2. Аз 1 сентябри соли 2009:
- маоши вазифавии кормандони соҳаи илм ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисахои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, методистони шӯъбаҳои маориф ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнати кормандони мактабҳои мусиқӣ ва санъат ба музди меҳнати кормандони дахлдори мактабҳои таҳсилоти умумӣ баробар карда шавад;
- музди меҳнати устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати омӯзгорони ин муассисаҳо вобаста ба таҳсилот ва дараҷаи тахассусӣ баробар карда шавад;
- фонди амалкунандаи музди меҳнати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- барои мудирии кабинетҳои фаннии муассисаҳои таълимӣ ва шӯъбаҳои маориф 10 фоиз иловапулӣ аз маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;
- музди меҳнати дигар кормандони соҳаи маориф, ки ба категорияҳои номбаргардида ворид нагардидаанд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад.
3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2009 Дастурамали нави пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустиро (ба истиснои Маркази тиббии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар доираи маблағҳои дар Буҷети давлатӣ барои зиёдшавии музди меҳнат пешбинишуда ҷорӣ намоянд.
...