Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон
ҚАРОР
Оид ба тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2009 № 663 "Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2009 № 719, аз 30.12.2010, №667)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2009 № 719, аз 30.12.2010, №667)
Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2009 №663 "Оид ба чораҳои иловагии дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон қарзҳои вобаста ба маблағгузории истеҳсоли пахтаро, кӣ дар ҳисоби сармоягузорони пахта, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти маблағгузории ғайрибонкии (ҶСП ТМҒ) "Кредит Инвест" ва бонкҳои тиҷоратӣ ҷамъ омадааст, ҳал намоянд, аз ҷумла:
- аз ҳисоб баровардани қарзҳои мӯҳлаташон гузаштаи субъектҳои хоҷагидорӣ (бо назардошти фоизҳо, ҷаримаҳо ва пеняҳо) ҷиҳати маблағгузории истеҳсоли пахта ба маблағи баҳододашудаи 548 млн. доллари ШМА дар назди сармоягузорон, ки аз он 435 млн доллари ШМА аз ҶСП ТМҒ "Кредит Инвест", 113 млн доллари ШМА аз бонкҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорони мустақим гирифта шудааст;
- аз ҳисоб баровардани қарзҳои пахта, ки ба сармоягузорони соҳаи пахтакорӣ дар назди ҶСП ТМҒ "Кредит Инвест" тааллуқ доранд, бо роҳи мутаносибан кам намудани ин қарз дар назди Бонки миллии Тоҷикистон то охири августи соли 2009;
- пардохти қарзи сармоягузорон дар назди ҶСП ТМҒ "Кредит Инвест" ба маблағи 154 млн доллари ШМА, ки дар натиҷаи маблағгузории соҳаҳои ба истеҳсоли пахта вобаста набуда ба вуҷуд омадааст, ба Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳи пардохти он аз аввали соли 2010 ба муддати 8 сол:
- аз ҷониби ҶСП ТМҒ "Кредит Инвест" то 1 сентябри соли 2009 пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҷдиди маблағи қарзи мазкурро ба Бонки миллии Тоҷикистон, ки он дар шакли ӯҳдадориҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳи ба имзо расонидани созишномаи қарзӣ ба расмият дароварда мешавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки аз ҷониби сармоягузорон ҳангоми аз ҳисоб баровардани қарзҳои субъектҳои хоҷагидорӣ тасдиқномаҳои ҳуқуқӣ дар бораи аз ҳисоб баровардани қарзҳо, фоизи онҳо, ҷаримаҳо ва пеняҳо дода шуда, инчунин ӯҳдадориҳои наве, ки қарори мазкур ба онҳо дахл надорад пешниҳод карда намешаванд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 августи соли 2009 барориши коғазҳои қиматноки давлатиро барои пӯшонидани қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор дар назди сармоягузорон ва бонкҳои тиҷоратии бо ҶСП ТМҒ "Кредит Инвест" вобаста набуда бо назардошги мутаносибан кам кардани онҳо амалӣ намояд.
4. Нақшаи амал оид ба ислоҳоти бахши аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
...