ШӯРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНЕ, КИ БАҲРИ ҲИМОЯИ СОХТИ КОНСТИТУЦИ0НИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМАЛИЁТҲОИ МУСАЛЛАҲОНА (НИЗОЪҲО) ИШТИРОК НАМУДА, ДАР НАТИҶАИ ИН НИЗОЪҲО ЗАРАР ДИДААНД, ИНЧУНИН АЪЗОИ ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ МАЗКУРЕ, КИ ПАРАСТОРАШОНРО АЗ ДАСТ ДОДААНД
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.06.2001 № 279, аз 25.10.2003 № 482)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.06.2001 № 279, аз 25.10.2003 № 482)
Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок намуда, дар натиҷаи ин низоъҳо зарар дидаанд, инчунин аъзои оилаҳои шахсони мазкуре, ки парасторашонро аз даст додаанд, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати воҳидҳои низомӣ шомиланд, шахсони дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда ҳисоб меёбанд.
2. Шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок кардаанд, ба имтиёзҳои дар қонунгузорӣ ҷорӣ барои иштирокчиёни ҷанг пешбинишуда (ба истиснои имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ) ҳуқуқ доранд .
3. Иштирокчиёни воҳидҳои низомӣ, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия ё маибшавӣ ҳангоми ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб шуданд, ба имтиёзҳои дар қонунгузории ҷорӣ барои маъюбони ҷанг пешбинишуда ҳуқуқ доранд.
4. Аъзои оилаи шахси ҳалокгардида ё дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия ё маибшавӣ ҳангоми ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтида ба имтиёзҳое, ки дар қонунгузории ҷорӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ҳалокгардида пешбинӣ шудаанд (ба истиснои имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ), ҳуқуқ доранд .
5. Иштирокчиёни воҳидҳои низоми, ки маъюб ё ҳалок гардидаанд ё ин ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия ё маибшавӣ ҳангоми ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтидаанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо мувофиқи тартибу шартҳои бо қонунгузории ҷорӣ барои хизматичиёни хизмати ҳатмии ҳарбӣ пешбинишуда ба таъминоти нафақавӣ ҳуқуқ доранд.
6. Кумитаҳои иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқ то 10 июли соли 1993 таҳти роҳбарии ҷонишинони раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо барои тартиб ва тасдиқ намудани рӯйхати шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати воҳидҳои низомӣ дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок кардаанд, комиссияҳоеро, ки ба ҳайати онҳо командирони саҳроии воҳидҳои низомии минтақаи дахлдор ё намояндагони онҳо, намояндагони мақомоти молия, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариатҳои ҳарбӣ дохил мешаванд, таъсис диҳанд.
Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо то 1 сентябри соли 1993 ин рӯйхатҳоро тартиб намуда, бо мувофиқати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 сентябри соли 1993 тасдиқ намудани онҳоро анҷом диҳанд.
7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ():
муайян намудани гурӯҳи маъюбии иштироккунандагони воҳидҳои низомиро, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия, маибшавӣ дар вақти амалиётҳои мусаллаҳона, ҳангоми ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб гаштаанд, таъмин намояд;
...