ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 ноябри соли 2023, № 1163
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 ноябри соли 2023, № 1163
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 декабри соли 2023, № 453
ҷонибдорӣ карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 декабри соли 2023, № 453
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303, мод. 304; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод. 201; с. 2010, №7, мод. 546; с. 2011, №3, мод. 177, №12, мод. 855; с. 2013, №3, мод. 195; с. 2015, №11, мод. 960; с. 2016, №3, мод. 143, №11, мод. 881; с. 2017, №1-2, мод. 18), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Кодекс калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
...

2. Ба қисми 1 моддаи 127 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- шахсоне, ки бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят якумра аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти омӯзгорӣ ва ё ишғоли мансабҳое, ки бо кор бо ноболиғон вобастагӣ доранд, маҳрум карда шудаанд;".
3. Ба моддаи 145 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- шахси фарзандхондкарда бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят якумра аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти омӯзгорӣ ва ё ишғоли мансабҳое, ки бо кор бо ноболиғон вобастагӣ доранд, маҳрум шуда бошад;".
4. Ба қисми 2 моддаи 148 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- шахсоне, ки бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят якумра аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти омӯзгорӣ ва ё ишғоли мансабҳое, ки бо кор бо ноболиғон вобастагӣ доранд, маҳрум карда шудаанд;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 3 январи соли 2024, № 2031