Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб аз 28 ноябри соли 2023, №526

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 ноябри соли 2023, № 526

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 ноябри соли 2023, № 526

тасдиқ шудааст

Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

2. Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб (минбаъд - Дастурамал) бо мақсади муайян намудани талаботи тахассусӣ, ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва масъулияти сардорони воҳидҳои сохтории баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ (минбаъд - сармуҳосиб)-и мақомоти давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ, корхонаҳо, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият (минбаъд - ташкилот) таҳия шудааст.

3. Ба сармуҳосиб кормандони воҳиди сохтории баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, аз ҷумла муҳосиби молию моддӣ, хазинадор, муҳосиби ҳисобӣ намудани пардохтҳо тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд. Бо фармоиши роҳбари ташкилот кормандони дигар низ метавонанд тобеи сармуҳосиб таъин гарданд.

4. Ҳангоми сафари хизматӣ, рухсатии меҳнатӣ, беморӣ ва ҳолатҳои дигари муваққатан ҳузур надоштани сармуҳосиб, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯ ба зиммаи муовин ва ё тибқи фармоиши роҳбари ташкилот ба зиммаи шахси масъули дигар вогузор карда мешавад.

5. Воҳиди сохтории баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ҳамчун воҳиди мустақил ё дар таркиби сохторие, ки бевосита таҳти сарпарастии роҳбари ташкилот қарор дорад, бо риояи қонунгузорӣ ташкил карда мешавад.

2. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ

6. Нисбат ба мансаби сармуҳосиб талаботи тахассусии умумии зерин муқаррар карда мешавад:

- доштани таҳсилоти олии иқтисодӣ бо собиқаи сесолаи кории амалӣ ба ҳайси муҳосиб, иқтисодчӣ, мутахассиси молия, андоз ё таҳсилоти миёнаи махсуси касбӣ бо собиқаи панҷсолаи амалии корӣ аз рӯйи ҳамин ихтисосҳо;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, инчунин қонунгузории соҳаи молия ва андозбандии самти фаъолият;

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 ноября 2023 года, №526

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 ноября 2023 года, №526

Типовая должностная инструкция главного бухгалтера

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

2. Типовая должностная инструкция главного бухгалтера (далее - Инструкция) разработана в целях определения квалификационных требований, прав, обязанностей и ответственности руководителей структурных подразделений бухгалтерского учета и финансовой отчетности (далее - главный бухгалтер) государственных органов, бюджетных учреждений, предприятий, кредитных финансовых организаций и других организаций, независимо от форм собственности (далее - организация).

3. Главному бухгалтеру подчиняются и подочетные сотрудники структурного подразделения бухгалтерского учета и финансовой отчетности, в том числе материальный бухгалтер, кассир, расчетный бухгалтер. Распоряжением руководителя организации в подчинение главному бухгалтеру могут назначаться и другие сотрудники.

4. При командировке, трудовом отпуске, болезни и других случаях временного отсутствия главного бухгалтера, его права и обязанности возлагаются на его заместителя или согласно приказу руководителя организации, на другое ответственное лицо.

5. Структурное подразделение бухгалтерского учета и финансовой отчетности организуется как независимое подразделение или в составе структуры, находящейся в непосредственном подчинении руководителя организации, с соблюдением законодательства.

2. КВАЛИФИКАЦИОННЫЕ ТРЕБОВАНИЯ

6. Относительно должности главного бухгалтера определяются следующие общие квалификационные требования:

- наличие высшего экономического образования со стажем практической работы от трех лет в должности бухгалтера, экономиста, специалиста по финансам, налогам или среднее специальное образование с пятилетним стажем практической работы по указанным специальностям;

- знание нормативных правовых актов Республики Таджикистан, в том числе международных актов, признанных Таджикистаном в области бухгалтерского учета и финансовой отчетности, а также законодательства в сфере финансов и налогообложения сферы деятельности;

...