ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2023, № 1115
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2023, № 1115
қабул карда шуд
қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2023, № 433
ҷонибдорӣ карда шуд
қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2023, № 433
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 166, № 6, мод. 429; с. 2010, № 3, мод. 158; с. 2011, № 6, мод. 452; с. 2012, № 8, мод. 834, № 12, қ. 1, мод. 1008; с. 2013, № 7, мод. 542, № 12, мод. 905; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 425; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1106; с. 2016, № 3, мод. 156; с. 2017, № 1-2, мод. 28, мод. 29, № 5, қ. 1, мод. 290; с. 2018, № 7-8, мод. 526; с. 2019, № 4-5, мод. 225; с. 2020, № 1, мод. 18) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонуни мазкур калимаҳои "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадор", "мӯҳлати", "мӯҳлатноки", "сӯҳбат", "кӯмакпулӣ", "кӯмакпулии", "кӯмакпулиҳо" мувофиқан ба калимаҳои "уҳдадориҳои", "Уҳдадориҳои", "уҳдадор", "муҳлати", "муҳлатноки", "суҳбат", "кумакпулӣ", "кумакпулии", "кумакпулиҳо" иваз ва пас аз калимаҳои "Мақоми ваколатдори" ва "мақоми ваколатдори" мувофиқан калимаҳои "давлатӣ дар" илова карда шаванд.
2. Моддаи 8(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
...