ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 октябри соли 2023, № 1123
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 октябри соли 2023, № 1123
қабул карда шуд
қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2023, № 428
ҷонибдорӣ карда шуд
қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2023, № 428
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 51; с. 2005, №12, мод. 630; с. 2006, №12, мод. 541; с. 2008, №6, мод. 460, №12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009, №3, мод. 88; с. 2010, №1, мод. 8, мод. 10, №12, қ. 1, мод. 823; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 999; с. 2013, №3, мод. 190; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 408; с. 2015, №11, мод. 968, мод. 969, мод. 970; с. 2016, №5, мод. 368; с. 2019, №4-5, мод. 231; с. 2020, №1, мод. 26, №7-9, мод. 615; с. 2023, №1-3, мод. 15, мод. 16) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Боҷи давлатӣ тариқи ғайринақдӣ аз ҳисоби боҷсупоранда бо пули миллӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.";
...