Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 2023, № 1157 "Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024" ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024" ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026

 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024" қабул карда шавад.

2. Дурнамои нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ барои:

- соли 2025 аз рӯйи даромад ба маблағи 48698616 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 50327306 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 1628690 ҳазор сомонӣ ё 1,0 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ;

- соли 2026 аз рӯйи даромад ба маблағи 54556403 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 56407153 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 1850750 ҳазор сомонӣ ё 1,0 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ муайян карда шавад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат қарорҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2026 қабул намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025" мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро барои солҳои 2026-2027 аниқ намояд.

4. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳаҷми умумии Буҷети давлатии муқарраршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 42956463 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 44108023 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 1151560 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;

- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеӣ таъмин намояд;

- бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯйи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2024 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯйи андозҳо, бо тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;

- оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;

...

Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

О принятии Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2024 год" и прогнозных показателях Государственного бюджета на 2025-2026 годы

В соответствии со статьёй 60 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Принять Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2024 год".

2. Определить прогнозные показатели доходов и расходов Государственного бюджета на:

- 2025 год по доходам в размере 48698616 тысяч сомони, по расходам в размере 50327306 тысяч сомони и дефициту бюджета в размере 1628690 тысяч сомони или 1,0 процента к Валовому внутреннему продукту;

- 2026 год по доходам в размере 54556403 тысяч сомони, по расходам в размере 56407153 тысяча сомони и дефициту бюджета в размере 1850750 тысяч сомони или 1,0 процента к Валовому внутреннему продукту.

3. Правительству Республики Таджикистан на среднесрочный период принимать решения, требующие финансирования за счет Государственного бюджета, в рамках установленных показателей расходов Государственного бюджета на 2024-2026 годы. При представлении проекта Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2025 год" уточнить показатели Государственного бюджета на 2026-2027 годы в соответствии с изменениями в макроэкономических показателях и развитием отраслей экономики.

4. Комитетам Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан в рамках своих полномочий осуществлять контроль исполнения бюджета, анализировать целевое и эффективное использование бюджетных средств их получателями, и при необходимости, представить результаты анализа на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

5. Правительству Республики Таджикистан:

- принять к исполнению на 2024 год установленный общий объём Государственного бюджета Республики Таджикистан по всем источникам финансирования в сумме 42956463 тысяч сомони и общий объём расходов в сумме 44108023 тысяч сомони с превышением расходов над источниками финансирования в сумме 1151560 тысяч сомони;

- обеспечить финансирование мероприятий, предусмотренных бюджетом, в пределах утвержденных сумм, пропорционально фактически поступившим доходам;

- в целях уменьшения недоимок по налогам и социальным взносам предыдущих лет, учитывая необходимость ликвидации образовавшейся задолженности бюджетных учреждений перед предприятиями и организациями на 1 января 2024 года, а также задолженности бюджетных организаций по налогам, произвести взаимозачеты между ними в установленном порядке без изменения фактического исполнения доходов и расходов бюджета;

- информировать по итогам каждого квартала Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан об исполнении Государственного бюджета Республики Таджикистан на 2024 год;

- представить Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан годовой отчет об использовании средств Стабилизационного фонда развития экономики;

...