ШӯРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ставкаҳои акцизи коньяк ва маи шампан
Бо мақсади афзун гардондани даромади буҷети давлатӣ ва таъмини дараҷаи даромаднокии соҳаи истеҳсоли коньяк ва маи шампан Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 феврали соли 1994 ставкаҳои акцизи коньяк ва маи шампани дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ба андозаи мутобиқан 80 ва 70 фоиз муқаррар карда шавад.
2. Ба Вазорати молияи Чумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки бо дарназардошти коньюктураи бозор андозаи ставкаҳои акцизи молҳои зикршударо тағьир диҳад.
3. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 1992 N 7 "Дар бораи ставкаи акцизҳо" дар қисмати муқаррар намудани ставкаҳои акцизи коньяк ва маи шампан беэътибор дониста шавад.
Раиси
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
ш. Душанбе,
аз 21 январи соли 1994, № 12