Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027 аз 31 августи соли 2023, № 418

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи соли 2023, № 418

Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати беҳбудии сифат ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои солимии репродуктивӣ, саломатии модарон ва навзодон, кӯдакону наврасон ва ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ дар заминаи фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ таҳия шудааст.

2. Барнома қисми ҷудонашавандаи Стратегияи глобалии ҳифзи солимии занон, кӯдакон ва наврасон барои солҳои 2016-2030 ва Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад.

3. Барнома ба рушди устувори солимии репродуктивӣ, тарғиботи раванди солимии модарон, кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, аз ҷумла осебпазиртарин табақаи аҳолӣ, тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои солимии репродуктивии аҳолӣ бо таваҷҷуҳи махсус ба аҳолии деҳот ва таъмини маблағгузорӣ мусоидат менамояд.

2. ҲАДАФҲО ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

4. Барнома бо мақсади тарғиби таваллуди фарзанди солим, бо риояи фосилаи байни таваллуд, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасонии репродуктивии аҳолӣ, беҳтар намудани саломатии занон, тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҷалб намудани шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати таъмини молиявии муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидан бо техника ва технологияи муосир барои таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводди контрасептивӣ, омӯзондани кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти солимии репродуктивӣ, фаъолсозии идоракунии таъминот ва тақсимоти маводди пешгирандаи ҳамл, таҳияи маводди иттилоотию маърифатӣ, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва дониши аҳолӣ оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ таҳия карда шудааст.

5. Вазифаҳои Барнома аз инҳо иборат мебошанд:

- ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ;

- дастрасӣ ба хизматрасонии солимии репродуктивӣ;

- паст намудани фавти модарон;

- таъмини муассисаҳои тиббӣ бо техника ва технологияи муосир;

- беҳтар намудани вазъи молиявии муассисаҳои тиббӣ;

- таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводди таълимии зарурӣ ҷиҳати самаранок баргузор намудани дарсҳои таълимӣ вобаста ба солимии репродуктивии аҳолӣ.

3. ВАЗЪИ СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВИИ АҲОЛӢ

6. Солимии репродуктивӣ қисми ҷудонашавандаи Стратегияи глобалии ҳифзи саломатии занон, кӯдакон ва ҷавонон дар давраи солҳои 2016-2030 ва Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад. Солимии модарон, навзодон, кӯдакон ва наврасон моҳияти муҳимро доро буда, воситаи муҳими рушди сармояи инсонӣ мебошанд.

7. Нишондиҳандаҳои асосии соҳаи тандурустӣ дар давоми даҳсолаи охир беҳтар шуданд, аммо як қатор соҳаҳое мавҷуданд, ки дар онҳо беҳбудии назаррас бояд анҷом дода шавад. Дар Тоҷикистон дар ин самт ҷиҳати рушди устувори хадамоти солимии репродуктивӣ, сиҳатии модарон, кӯдакон, наврасон ва ҷавонон тадбирҳои муайян андешида шудаанд. Фаъолият дар ин самт дар асоси барномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ки дар стандартҳо, стратегияҳо ва протоколҳои клиникӣ асос ёфтаанд, аз ҷумла баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи солимии модару кӯдак, солимии ҷинсӣ ва репродуктивӣ, инчунин механизмҳои маблағгузорӣ амалӣ карда мешавад.

8. Дар натиҷаи бархӯрди маҷмуӣ фавти модарон ва кӯдакон коҳиш ёфта, занон ба хизматрасониҳои солимии репродуктивӣ, аз ҷумла банақшагирии оила дастрасӣ пайдо мекунанд, ки ин ба афзоиши фарогирии бо маводи контрасептивӣ занони синни таваллуд аз 25,4 дарсад (2010) то 40,1 дарсад (2018) мусоидат намуда, исқоти ҳамли номатлуб аз 87,8 (2010) ба 55,3 (2018) барои 1000 зиндатаваллуд кам шуда, фосилаи байни таваллуди камтар аз 2 сол аз 37,2 (2010) то 30 дарсад (2018), шумораи зоишҳои хонагӣ (нисбат ба 11,9 дарсад дар соли 2010, дар соли 2018 4,9 дарсад камтар) коҳиш ёфта, 77 дарсади таваллуд бо иштироки кормандони баландихтисос сурат гирифтааст. Аз рӯйи натиҷаи тадқиқоти оморӣ дар соли 2010 гузаронидашуда 64,9 дарсади занони ҳомила тибқи стандартҳои миллӣ аз муоинаи пеш аз таваллуд гузаштаанд. Дар соли 2017 ин нишондод 93,3 дарсадро ташкил дод, ки дар тули 7 сол ба 28,4 дарсад беҳтар шудааст.

9. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳар чорумин зани шавҳардор усулҳои муосири пешгирии ҳомиладориро истифода мебарад ва 26 дарсади истифоданабарандагон истифодаи онҳоро дар оянда ба нақша гирифтаанд. Арзёбии сифати хизматрасониҳои пешгирии ҳомиладорӣ ба аҳолӣ зарурати боз ҳам васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба кумаки пешниҳоднамуда дар самти банақшагирии оила ва ҳамгироии он бо хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва хизматрасонии акушериро нишон медиҳад.

10. Кӯшишҳо барои ҳамгироии банақшагирии оилаи пас аз таваллуд ба хизматрасониҳо оид ба ҳифзи модар ва пешгирии ҳомиладории пас аз исқоти ҳамл анҷом дода шуданд. Ҳамчунин, барои ҷорӣ кардани безуриётгардонии ихтиёрии ҷарроҳии занон аз рӯйи сабабҳои махсуси тиббӣ кӯшишҳо ба харҷ дода шудаанд, аммо то ҳол тақрибан 30 дарсади занон пас аз таваллуд бидуни гирифтани маслиҳат оид ба банақшагирии оила таваллудхонаҳоро тарк мекунанд. Исқоти ҳамлҳои тиббӣ (исқоти ҳамл, ки тавассути истеъмоли доруҳо ба вуҷуд омадаанд) хеле маъмул аст, аммо заноне, ки исқоти ҳамл доранд, на ҳама вақт оид ба исқоти ҳамлҳои тиббӣ ё хизматрасонии пешгирии ҳомиладорӣ пас аз чунин исқоти ҳамлҳо машварати босифати тиббӣ мегиранд.

11. Таъмини воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ то соли 2015 танҳо аз ҳисоби маблағҳои донорҳо сурат мегирифт, вале дар соли 2016 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сатри буҷетӣ барои хариди воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ таъсис дода, то ба имрӯз саҳми Вазорат барои харидани воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ қариб 18 дарсад (1 020 000 сомонӣ) аз ҳисоби маблағҳои зарурии молиявӣ бо афзоиши солонаи 5 дарсадро ташкил медиҳад.

4. ДУРНАМОИ ВАЗЪИ СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВИИ АҲОЛӢ

12. Бояд дастрасии ҳамаҷониба ба иттилоот ва хизматрасониҳои солимии репродуктивӣ барои ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба онҳо эҳтиёҷ доранд, таъмин карда шавад. То охири соли 2021 маблағҳои буҷети давлатӣ қариб 18 дарсади эҳтиёҷоти пешгирии ҳомиладориро ташкил медод.

13. Мувофиқи маълумоти тадқиқоти тиббии демографӣ соли 2017 нишондиҳандаи истифодаи воситаҳои контрасептивӣ дар байни занони шавҳардори синни репродуктивӣ 27,1 дарсад, нишондиҳандаи баланди эҳтиёҷоти қонеънашудаи банақшагирии оила 23 дарсад ва исқоти ҳамл 9 дарсад мебошад. Эҳтиёҷоти қонеънашуда дар байни занони ҷавон, инчунин ба сатҳи дониш дар бораи пешгирии ҳомиладорӣ баробар аст. Сарфи назар аз баъзе кӯшишҳо, аз қабили маърифатнокӣ оид ба масъалаҳои тарзи ҳаёти солим, сатҳи огоҳии ҷавонон дар бораи солимии репродуктивӣ ҳанӯз паст аст.

14. Бо вуҷуди он, ки теъдоди муайяни заноне, ки ба дараҷаи дилхоҳи оилавӣ расидаанд ва минбаъд фарзанди зиёд доштан намехоҳанд, безуриётгардонии ихтиёрии ҷарроҳӣ хеле кам истифода шуда, ягона усули дарозмуддати мавҷуда ин воситаи дохилираҳмӣ мебошад. Таҷрибаи омӯзонидани момодояҳое, ки дар хонаҳои саломатии дурдаст кор мекунанд, оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои воситаи дохили бачадон самаранокии хизматрасонии воситаи дохили бачадонро нишон дод ва ба ин васила дастрасии занони сокини ин минтақаҳои дурдастро афзоиш дод. Ин таҷрибаро бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба тавсеаи нақши момодояҳо ҳамчун таҷрибаи пешқадам донистан лозим аст.

15. Сарфи назар аз шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз муҳоҷирати мавсимӣ ба ватан бармегарданд, воситаҳо барои пешгирии ҳомиладории таъҷилӣ вуҷуд надорад. Бар асоси далелҳои тасдиқнашуда, ки дар ҷараёни пурсишҳои таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ ва фарматсевтҳо ба даст оварда шудаанд, бисёре аз занон ба исқоти тиббӣ ҳамчун чораи охирин муроҷиат мекунанд. Аксарияти пешниҳодкунандагони хизматрасониҳо, ки дар марказҳои солимии репродуктивӣ ё хонаҳои саломатӣ кор мекунанд, аз истифодаи исқоти тиббӣ огоҳ нестанд ва ба ин занҳо машварати дуруст пешниҳод карда наметавонанд.

16. Мавҷудияти воситаҳои контрасептивӣ бояд бо мавҷудияти таъминкунандагони бомаҳорат ва боэътибор барои пешниҳоди ин воситаҳои контрасептивӣ ба ҷуфти ҳамсарон дар муассисаҳое, ки бевосита дар наздикии онҳо ҷойгиранд, ҳамроҳӣ карда шавад. Ба ибораи дигар, тамоми нуқтаҳои хизматрасониҳо, бахусус, нуқтаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд ва аз нарасидани захираҳо танқисӣ мекашанд, бояд дорои кормандоне бошанд, ки барои машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои банақшагирии оила, таъмини доираи васеи воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ ва бартарафсозии оқибатҳои номатлуби истифодаи ин усулҳо омӯзонида шуда бошанд.

17. Ҳамзамон, зарурати дуруст таъин кардани ҳайат ва нақши кадрҳои тиббиро мувофиқи сатҳи муассисаи тиббии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ қайд кардан лозим аст. Ба ҳолати имрӯз, танҳо 17 дарсади табибон ва ҳамшираҳои тиббии оилавӣ хизматрасониҳои солимии репродуктивиро пешниҳод менамоянд (тадқиқоти тиббии демографӣ соли 2017), лекин нақши момодоя дар сатҳи хонаҳои саломатӣ норавшан боқӣ мемонад. Таъин намудани ҳайат ва нақши кормандони тиббии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар пешниҳод кардани хизматрасониҳои солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила як қадар беҳбудиҳоро фароҳам меоварад.

18. Таъмини хариди воситаҳои контрасептивӣ яке аз иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад, агарчанде ки ин ҳам нокифоя мебошад. Мушкилоти дигари муҳим ин таъмини дастрасии воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ барои ҳамаи шаҳрвандони ба онҳо эҳтиёҷдошта мебошад. Таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба беҳтар шудани таъминот бо воситаҳои зидди ҳомиладорӣ барои ҳалли мушкилоти ниҳоӣ равона карда шавад (яъне нуқтаҳои ниҳоии ба истеъмолкунандагон наздиктарин, ки дастрасии ҳамаҷониба ба воситаҳои зидди ҳомиладориро таъмин мекунанд, махсусан барои онҳое, ки дар минтақаҳои дурдаст ва минтақаҳои дорои заминаи заифи захираҳо зиндагӣ мекунанд).

5. САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

19. Самтҳои афзалиятноки Барнома беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасониҳои солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила, беҳтар намудани саломатии занон ва тарбияи ахлоқи ҷинсии аҳолӣ дар давраи солҳои 2023-2027 ба тариқи зерин муайян шудаанд:

- баланд бардоштани дастрасӣ ба иттилооти босифат оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила;

- васеъ намудани интихоби усулҳо ва хизматрасониҳои банақшагирии оила барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ;

- беҳтар намудани занҷираҳои таъминот бо воситаҳои муосири зидди ҳомиладорӣ;

- таъмини устуворӣ тавассути афзоиши маблағгузории давлатӣ;

- беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ, шарикӣ ва масъулияти ҷонибҳои манфиатдор.

20. Дар асоси уҳдадориҳои мансабӣ кормандони миёнаи тиббӣ барои додани маслиҳат оид ба банақшагирии оила, пешниҳод намудани рифолаҳо, ҳабҳо, тазриқҳо ва воситаҳои пешгирии ҳомиладории фавқулода имконият пайдо мекунанд. Инчунин, кормандони миёнаи тиббӣ хизматрасонӣ оид ба гузоштани воситаи дохилираҳмӣ ва имплантатҳои контрасептивиро пас аз тайёрии мувофиқ таъмин месозанд.

21. Корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва бақайдгирии воситаҳои контрасептивии муосир, аз ҷумла имплантатҳои зидди ҳомиладорӣ, доруҳои тазриқии зерипӯстӣ ва пешгирии ҳомиладории таъҷилӣ мебошад.

6. НАТИҶАҲОИ АМАЛИШАВИИ БАРНОМА

22. Барнома ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушд то соли 2030 мусоидат намуда, ба рушди сармояи инсонӣ тавассути беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ ва инкишофи захираҳои тандурустӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир менамояд. Барнома ба афзалиятҳои стратегии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳм гузошта, ба чунин соҳаҳо, аз қабили маблағгузории устувор, рушди захираҳои инсонӣ, системаҳои иттилоотӣ ва гузариш ба тандурустии рақамӣ, инчунин беҳтар намудани саломатии модарон, навзодон, кӯдакон ва наврасон, дастрасӣ ба хизматрасониҳои солимии ҷинсӣ, репродуктивӣ ва ҳуқуқ дар доираи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ мусоидат менамояд.

7. ПЕШГӯЙИИ ВОСИТАҲОИ ПЕШГИРИИ ҲОМИЛАДОРӢ

23. Ҳаҷми хариди воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии "Маркази миллии солимии репродуктивӣ" дар асоси раванди бодиққати машваратҳо бо муассисаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба маълумоти истифодаи воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ ва арзёбии эҳтиёҷот барои соли оянда ҳисоб карда мешавад.

24. Афзоиши гурӯҳе, ки ба он зарурати пешниҳод кардани хизматрасониҳо ҷой дорад, яъне занони синну соли репродуктивӣ, бо роҳи таҳлили шумораи аҳолӣ аз рӯйи гурӯҳи синнусолӣ ба назар гирифта шудаанд. Илова бар ин, такмили барномаи банақшагирии оила ба 1 дарсад зиёд шудани нишондиҳандаи истифодаи воситаҳои пешгирии ҳомиладории фавқулода мусоидат мекунад.

25. Коэффитсиенти умумии таваллуд дар солҳои 2000-2019 тақрибан 3 дарсадро ташкил дода, шумораи умумии аҳолӣ аз 6,8 миллион ба 9,2 миллион нафар (шумораи занони ҷавонеро, ки ба синни репродуктивӣ ворид мешаванд, инъикос менамояд) дар як сол тақрибан 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Коэффитсиенти умумии таваллуд дар солҳои 70-уми асри гузашта 4,2 дарсад ва шумораи умумии аҳолӣ 3 миллион нафар буд. Аз ин рӯ, ҳар сол тақрибан 60 ҳазор зан давраи репродуктивии худро ба охир мерасонад. Ҳамин тариқ, дар 5 соли оянда хадамот дар соҳаи банақшагирии оила бояд ҳар сол ба таври илова ба 40 ҳазор зан хизмат расонад. Ин аз 0,6 дарсад зиёд шудани шумораи занони синни репродуктивӣ шаҳодат медиҳад ва бинобар ин, онҳо бояд ба барномаи банақшагирии оила фаро гирифта шаванд. Тибқи арзёбӣ бо такмилдиҳии Барнома аз соли 2023 истифодабарии воситаҳои зидди ҳомиладорӣ низ 1 дарсад афзоиш ёфта, дурнамои таъмини маводҳои контросептикӣ ва маблағгузории он тибқи замимаи Барнома муайян карда мешавад.

8. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБӢ

26. Мониторинг ва арзёбии Барнома аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

27. Мониторинг ва арзёбии Барнома мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, № 615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешавад.

9. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

28. Барнома дар се марҳила барои солҳои 2023-2025, 2026 ва 2027 мутобиқи нақшаи амал, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, амалӣ карда мешавад.

29. Барнома аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

30. Хароҷоти маблағҳо барои амалишавии Барнома дар ҳаҷми 44921778 (чилу чор миллиону нуҳсаду бисту як ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду ҳашт) сомонӣ аз манбаъҳои зерин пешбинӣ карда мешавад:

- буҷети ҷумҳуриявӣ - 8174991 (ҳашт миллиону яксаду ҳафтоду чор ҳазору нуҳсаду наваду як) сомонӣ;

- шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст - 36746787 (сиву шаш миллиону ҳафтсаду чилу шаш ҳазору ҳафтсаду ҳаштоду ҳафт) сомонӣ.

31. Амалишавии Барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи тандурустӣ пешбинишуда анҷом дода мешавад.

Ниг. ба замима

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи соли 2023, № 418

Нақшаи амали Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027 дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025)

Ниг. ба Замима