Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, № 530 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999 "Дар бораи туризм" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1999, №9, мод. 228; с. 2005, №12, мод. 641) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар номи моддаи 1 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "ҳамин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 2:

- ном ва матни ҷумлаи якум дар таҳрири зайл баён карда шаванд:

"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:";

- дар сархати якум пас аз калимаи "динӣ" калимаҳои "(ба истиснои ҳаҷ)" ва пас аз калимаи "варзишӣ" калимаҳои "касбию хизматӣ" илова карда шаванд;

- дар сархатҳои дуюм, сеюм, чорум, дувоздаҳум, сенздаҳум ва нуздаҳум калимаи "ашхоси" ба калимаи "шахсони" иваз карда шавад;

- дар сархати панҷум калимаҳои "ҷудо карда" ба калимаи "ҷудогардида" иваз карда шаванд;

- дар сархати ҳаштум калимаи "(альпинизм)" ба калимаи "(алпинизм)" иваз карда шавад;

- сархати нӯҳум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"- турист - шаҳрванд, истифодабарандаи хизматрасонии туристӣ, ки аз ҷои истиқомати доимӣ ба кишвари (макони) дигари муваққатӣ ба мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷорат, варзиш ва дигар мақсадҳои вобаста ба саёҳат сафар мекунад;";

- дар сархати даҳум калимаи "нақд" ба калимаи "нақл" иваз карда шавад;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О туризме"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 3 сентября 1999 года "О туризме" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999г., №9, ст.228; 2005г., №12, ст.641) следующие изменения и дополнения:

1. В статье2:

- название и первое предложение статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 2. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:";

- абзац первый после слова "религиозной" дополнить словами "(кроме паломничества)", после слова "спортивной" дополнить словами "профессионально-деловых";

- абзац девятый изложить в следующей редакции:

"- турист - гражданин, потребитель туристских услуг, пребывающий за пределами своего постоянного места жительства, в стране (месте) временного пребывания в оздоровительных, познавательных, религиозных (кроме паломничества), коммерческих, спортивных, профессионально-деловых и иных целях, связанных с туром;";

- в абзацах двенадцатом, тринадцатом и девятнадцатом слова "юридическими или физическими" заменить словами "физическими или юридическими";

- в абзацах девятнадцатом и двадцать втором и во всем тексте Закона слово "законами" заменить словом "законодательством".

2. Текст статьи 3 изложить в следующей редакции:

"Статья 3. Законодательство Республики Таджикистан о туризме Законодательство Республики Таджикистан о туризме основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".

3. В статье 7:

...