Низомнома дар бораи тартиби воридот ва содироти гидрофторкарбонҳое, ки дар гурӯҳҳои I ва II рӯйхати F Протоколи Монреал нишон дода шудаанд, ба /аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 августи соли 2023, №376

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 августи соли 2023, № 376

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 августи соли 2023, № 376

Низомнома дар бораи тартиби воридот ва содироти гидрофторкарбонҳое, ки дар гурӯҳҳои I ва II рӯйхати F Протоколи Монреал нишон дода шудаанд, ба /аз Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Низомнома дар бораи тартиби воридот ва содироти гидрофторкарбонҳое, ки дар гурӯҳҳои I ва II рӯйхати F Протоколи Монреал нишон дода шудаанд, ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомномаи мазкур) ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон (минбаъд - Конвенсияи Вена) ва ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон барои муайян кардани гидрофторкарбонҳои назоратшаванда (минбаъд - Протоколи Монреал) таҳия карда шудааст.

2.Низомномаи мазкур тартиби воридот ва содироти гидрофторкарбонҳоеро, ки дар гурӯҳҳои I ва II рӯйхати F Протоколи Монреал нишон дода шудаанд, ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, ба ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шакли моликият, тобеияти идоравӣ ва ҷойи бақайдгирӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

3. Воридот ва содироти номгӯйи ягонаи гидрофторкарбонҳое, ки дар гурӯҳҳои I ва II рӯйхати F Протоколи Монреал нишон дода шудаанд, инчунин воридот ва содироти онҳо ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интиқоли транзитӣ ба воситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кишварҳое, ки тарафҳои Протоколи Монреал мебошанд, амалӣ карда мешавад.

4.Воридот ва содироти гидрофторкарбонҳо ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома барои фаъолияти ба даст овардан, фурӯш, истифода, безараргардонӣ ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намудҳои фаъолияти бо васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизот алоқаманд, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ карда мешаванд, сурат мегирад. Ба субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият, ҳангоми надоштани иҷозатнома барои содирот ва воридоти гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаи 2 қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд, ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

5. Иҷозатнома байни давлатҳои иштирокчии Протоколи Монреал ва ислоҳоти Кигалӣ, ба истиснои интиқоли транзитии онҳо, аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳиссаи барои ин давра муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Талаботи мазкур барои воридоти гидрофторкарбонҳои пештар истифодашуда (безараргардонидашуда, ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ) ё гидрофторкарбонҳои барқароршуда татбиқ намегардад ва онҳо танҳо тибқи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта мешаванд.

6.Тартиби тақсими ҳаҷми ҳиссаҳо барои воридоти гидрофторкарбонҳо байни дархосткунандагон тибқи дастурамали таҳиянамудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

7. Дар сурати ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид (содир) кардани гидрофторкарбонҳои иборат аз ду ва ё зиёда сардкунанда, иқтидори гармшавии глобалӣ ҳамчун вазни миёнаи ҳаҷмии компонентҳо дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад. Барои ҳисоб кардани иқтидори гармшавии глобалии омехта бояд иқтидори гармшавии глобалии ҳар як компонент баробар аз рӯйи ҳаҷмаш ҳисоб карда шавад.

8. Муҳлати амали иҷозатномаи додашуда бо ҳиссаи ҷудошуда дар соли ҳисоботӣ маҳдуд мегардад.

...

Приложение 1 к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 29 августа 2023 года, №376

Приложение 1 к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 29 августа 2023 года, №376

Положение о порядке ввоза и вывоза гидрофторуглеродов, указанных в группах I и II списка F Монреальского протокола, в/из Республики Таджикистан

1.Положение о порядке ввоза и вывоза гидрофторуглеродов, указанных в группах I и II списка F Монреальского протокола, в/из Республики Таджикистан (далее - настоящее Положение) разработано во исполнение обязательств Республики Таджикистан по Венской конвенции об охране озонового слоя (далее - Венская конвенция) и Кигалийской поправки к Монреальского протокола по веществам, разрушающим озоновый слой, относительно определения подконтрольных гидрофторуглеродов (далее - Монреальский протокол).

2.Настоящее Положение определяет порядок ввоза и вывоза гидрофторуглеродов, указанных в группах I и II списка F Монреальского протокола, в/из Республики Таджикистан и распространяется на все субъекты хозяйственной деятельности, зарегистрированные на территории Республики Таджикистан, независимо от форм собственности, ведомственной принадлежности и места регистрации, за исключением случаев, предусмотренных законодательством и международными договорами Республики Таджикистан.

3. Ввоз и вывоз единого перечня гидрофторуглеродов, указанных в группах I и II списка F Монреальского протокола, а также их ввоз и вывоз в/из Республики Таджикистан и транзитные перевозки через Республику Таджикистан осуществляется между странами, являющимися сторонами Монреальского протокола.

4. Ввоз и вывоз гидрофторуглеродов в/из Республики Таджикистан осуществляется на основании лицензии на деятельность по приобретению, продаже, использованию, утилизацию и уничтожение озоноразрушающих веществ и продуктов их содержащих, а также все виды деятельности, связанные с установкой, обслуживанием и ремонтом оборудования с применением озоноразрушающих веществ в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан и настоящего Положения. Субъектам хозяйствования, независимо от форм собственности, запрещается экспорт и импорт гидрофторуглеродов, указанных в приложении 2 настоящего постановления Правительства Республики Таджикистан, в/из Республики Таджикистан без лицензии.

5. Лицензия между государствами-участниками Монреальского протокола и Кигалийских поправок, за исключением их транзитной перевозки, выдается Комитетом по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан исходя из квоты, определяемой Правительством Республики Таджикистан на этот период. Данное требование не распространяется на ввоз ранее использованных гидрофторуглеродов (обезвреживание, сбор и хранение) или восстановленных гидрофторуглеродов, они только регистрируются в установленном порядке.

6. Порядок распределения объемов квот на ввоз гидрофторуглеродов между заявителями осуществляется в соответствии с инструкцией, разработанной Комитетом по охране окружающей среды при Правительстве Республике Таджикистан.

7. В случаях, когда гидрофторуглероды, состоящие из двух и более хладагентов, ввозятся (вывозятся) в Республику Таджикистан, потенциал глобального потепления в качестве среднего объемного веса компонентов рассчитывается в отдельности. Чтобы рассчитать потенциал глобального потепления смеси, потенциал глобального потепления каждого компонента должен быть рассчитан одинаково по объему.

8. Срок действия выданной лицензии ограничивается выделенной квотой за отчетный год.

9. Ввоз гидрофторуглеродов в Республику Таджикистан, а также их транзитные перевозки через Республику Таджикистан запрещается без лицензии, международного знака и сертификата соответствия производителя.

...