ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар бахши аудити давлатӣ
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар бахши аудити давлатӣ, ки 8 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазоразу идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Ёддошти тафоҳуми мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудиро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани Ёддошти тафоҳуми мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 31 июли соли 2023, № 327
ш. Душанбе,
аз 31 июли соли 2023, № 327
...