Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи холатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Олӣ оид ба амнияти миллии Мақомоти миллӣ оид ба идоракунии ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва офатҳои табиии Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти идоракунӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода аз 24 ноябри соли 2022

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 июли соли 2023, № 326

тасдиқ шудааст

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 июли соли 2023, № 326

тасдиқ шудааст

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ

байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Олӣ оид ба амнияти миллии Мақомоти миллӣ оид ба идоракунии ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва офатҳои табиии Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти идоракунӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои олӣ оид ба амнияти миллии Мақомоти миллӣ оид ба идоракунии ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва офатҳои табиии Амороти Муттаҳидаи Араб, ки минбаъд дар алоҳидагӣ "Тараф" ва дар якҷоягӣ "Тарафҳо" номида шаванда,

дар партави робитаҳои дустонаи анъанавии миёни ду кишвар ва нияти онҳо баҳри гузоштани саҳм дар рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба;

бо нигаронии ҷиддӣ аз вуқуъ ва хавфи офатҳои табиӣ дар кишварҳои хеш;

бо дарки аҳамияти пешбурди муносибатҳои амиқи корӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ барои некуаҳволӣ ва бехатарии мардуми ҳар ду кишвар;

бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ки дар асоси шарикӣ ба таъмини иктисодиёти ба офатҳо тобовари ҳарду кишвар кумак мерасонад;

мутобиқи қонуну қоидаҳои ҷории кишварҳои худ;

ба мувофиқаи зайл расиданд:

...

Меморандум о взаимопонимании между Комитетом по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан и Высшим советом по национальной безопасности Национального органа по управлению чрезвычайными ситуациями, кризисами и стихийными бедствиями Объединенных Арабских Эмиратов о сотрудничестве в области управления и предотвращения чрезвычайных ситуаций приводится на тадж.яз.

...