Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2023, № 294 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, №621"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, №621

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, № 621 "Дар бораи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 15 калимаи "замимаи" ба калимаҳои "замимаҳои 1 ва 2" иваз карда шавад;

- бандҳои 17 ва 18 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"17. Маводи ба озмун барои олимон пешниҳодшуда дар шакли холгузорӣ аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ мешаванд:

1) барои ҳар як модели муфид, ки довталаб муаллифи он мебошад - 10 хол;

2) барои ҳар як намунаи саноатӣ, ки довталаб муаллифи он мебошад - 10 хол;

3) барои ҳар як нахустпатент ва патент, ки довталаб муаллифи он мебошад:

- патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20 хол;

- нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -15 хол;

- патенти Авруосиё - 30 хол;

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 26 ноября 2020 года, №621

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в Положение о Государственной премии Республики Таджикистан для ученых и преподавателей естественных, точных и математических дисциплин, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 ноября 2020 года, №621 "О Государственной премии Республики Таджикистан для ученых и преподавателей естественных, точных и математических дисциплин", следующие изменения и дополнения:

- в пункте 15 слово "Положению" заменить словами "приложениям 1 и 2";

- пункты 17 и 18 изложить в следующей редакции:

"17. Материалы, представленные на конкурс для ученых, оцениваются в виде баллов по следующим критериям:

1) за каждую полезную модель, автором которого является кандидат, - 10 баллов;

2) за каждый промышленный образец, автором которого является кандидат, - 10 баллов;

3) за каждый малый патент, патент, автором которого является кандидат:

- патент Республики Таджикистан - 20 баллов;

- малый патент Республики Таджикистан - 15 баллов;

- Евразийский патент - 30 баллов;

- европейский патент - 40 баллов;

...