ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи намунаи либоси расмӣ, нишонаҳои фарқкунанда, тартиби таъминоти ашё ва меъёри додани он ба кормандони Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ
Мутобиқи моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Намунаи либоси расмӣ, нишонаҳои фарқкунанда, тартиби таъминоти ашё ва меъёри додани он ба кормандони Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Ба Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ иҷозат дода шавад, ки дӯхтани либоси расмии кормандони Хадамоти назорати давлатии энергетикиро дар корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ мувофиқи меъёрҳои дар ҷумҳурӣ амалкунанда анҷом диҳад.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999, №468 "Дар бораи тасдиқи либоси расмӣ, аломатҳои фарқкунанда ва меъёрҳои таъминоти кормандони Назорати давлатии барқ бо амволи шайъӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 июни соли 2023, № 288