Тартиби иваз намудани манзилҳои истиқоматии тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ додашуда аз 29 майи соли 2023, №210

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 майи соли 2023, №210

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 майи соли 2023, №210

тасдиқ шудааст

Тартиби иваз намудани манзилҳои истиқоматии тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ додашуда

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби иваз намудани манзилҳои истиқоматии тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ додашуда (минбаъд - Тартиб) иваз намудани манзилҳои истиқоматии тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ байни кироядеҳ ва кироягир додашударо муайян менамояд.

2. Тартиби мазкур ба вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектҳои дигари хоҷагидорие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд мебошад, татбиқ мегардад.

2. АСОСҲОИ ИВАЗ НАМУДАНИ МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ТИБҚИ ШАРТНОМАИ КИРОЯИ ИҶТИМОӢ ДОДАШУДА

3. Иваз намудани манзилҳои истиқоматии тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ додашуда байни шаҳрвандоне сурат мегирад, ки онҳо дар як маҳал ё маҳалҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд.

4. Барои иваз намудани манзилҳои истиқоматии тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ додашуда шаҳрвандон ба кироядеҳ дар шакли хаттӣ муроҷиат менамоянд.

5. Асос барои иваз намудани манзилҳои истиқоматӣ қарори кироядеҳ дар бораи иваз намудани манзилҳои истиқоматӣ мебошад.

6. Кироягири манзили истиқоматӣ бо розигии хаттии кироядеҳ ва аъзои болиғи оилаи худ ҳуқуқ дорад манзили истиқоматии тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ додашударо бо кироягири дигар иваз намояд.

7. Ҳангоми иваз намудани манзили истиқоматӣ талаботи моддаи 64 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта мешавад.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "29" майи 2023 года, №210

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "29" майи 2023 года, №210

Порядок обмена жилыми помещениями, предоставленными по договору социального найма

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок обмена жилыми помещениями, предоставленными по договору социального найма (далее - Порядок) определяет обмен жилыми помещениями, предоставленными по договору социального найма между наймодателем и нанимателем.

2. Настоящий Порядок применяется на министерства, ведомства, государственные организации, местные исполнительные органы государственной власти, органы самоуправления поселков и дехотов, а также другие хозяйственные субъекты, в уставном капитале, которых имеется доля государства.

2. ОСНОВЫ ОБМЕНА ЖИЛЫМИ ПОМЕЩЕНИЯМИ, ПРЕДОСТАВЛЕННЫМИ ПО ДОГОВОРУ СОЦИАЛЬНОГО НАЙМА

3. Обмен жилыми помещениями, предоставленными по договору социального найма осуществляется между гражданами, проживающими в одном или разных местностях Республики Таджикистан.

4. Для обмена жилыми помещениями, предоставленными по договору социального найма, граждане в письменной форме обращаются наймодателю.

5. Основанием для обмена жилыми помещениями является решение наймодателя об обмене жилыми помещениями.

6. Наниматель жилого помещения с письменного согласия наймодателя и совершеннолетних членов своей семьи вправе осуществить обмен жилого помещения, предоставленного по договору социального найма, с другим нанимателем.

7. При обмене жилыми помещениями учитываются требования статьи 64 Жилищного кодекса Республики Таджикистан.

...