Тартиби ташаккули фонди манзили давлатии иҷтимоӣ аз 29 майи соли 2023, №209

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 майи соли 2023, №209

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 майи соли 2023, №209

тасдиқ шудааст

Тартиби ташаккули фонди манзили давлатии иҷтимоӣ

 

1. Тартиби ташаккули фонди манзили давлатии иҷтимоӣ (минбаъд - Тартиб) раванди ташаккули фонди манзили давлатии истифодаи иҷтимоиро муайян менамояд.

2. Фонди манзили давлатии истифодаи иҷтимоӣ бо мақсади таъмини шаҳрвандони эҳтиёҷманд бо манзилҳои истиқоматӣ ташаккул дода мешавад.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи манзил якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот фонди манзили давлатии иҷтимоиро дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва манбаъҳои дигари маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул медиҳад.

4. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот рӯйхати манзилҳои истиқоматиеро, ки дар тавозунашон мавҷуд мебошанд, ҷиҳати ташаккули фонди манзили давлатии истифодаи иҷтимоӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи манзил пешниҳод менамоянд.

5. Манбаъҳои асосии ташаккули фонди манзили давлатии истифодаи иҷтимоӣ:

1) манзилҳои истиқоматие, ки аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои коммуналӣ ва ё ҷумҳуриявӣ, ташкилотҳои хусусии тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ ва хайрияҳо сохта шудаанд;

2) манзилҳои истиқоматии хусусие, ки дар асоси шартнома ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои истифода ҳамчун манзили иҷтимоӣ супорида шудаанд;

3) манзили истиқоматие, ки аз фондҳои дигари манзил дар асоси талаботи қонунгузорӣ ба фонди мазкур гузаронда шудааст;

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "29" мая 2023 года, №209

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "29" мая 2023 года, №209

Порядок формирования государственного социального жилищного фонда

1. Порядок формирования государственного социального жилищного фонда (далее - Порядок) определяет процесс формирования государственного социального жилищного фонда использования.

2. Государственный жилищный фонд социального использования формируется с целью обеспечения нуждающихся граждан жилыми помещениями.

3. Уполномоченный государственный орган в жилищной сфере совместно с министерствами, ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти и органами самоуправления поселков и дехотов в рамках республиканских, местных бюжетных средств и других источников финансирования, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, формирует государственный жилищный фонд социального использования.

4. Министерства и ведомства, местные исполнительные органы государственной власти, органы самоуправления поселков и дехотов для формирования государственного жилищного фонда социального использования представляют перечень жилых помещений, имеющихся на их балансе, в уполномоченный государственный орган в жилищной сфере.

5. Основные источники формирования государственного жилищного фонда социального использования:

1) жилые помещения, построенные за счет средств коммунальных и (или) республиканских, частных коммерческих, некоммерческих организаций и пожертвований;

2) частные жилые помещения, на основании договора переданные местному исполнительному органу государственной власти в пользование в качестве социального жилья;

3) жилое помещение, перешедшее из других жилищных фондов в данный фонд на основе требований законодательства;

4) реконструкция государственного помещения социального использования;

...