Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 апрели соли 2023, № 170
тасдиқ шудааст
Тартиби барқарорсозии иҷтимоии шахсони воқеии аз амали террористӣ зарардида
1. Тартиби барқарорсозии иҷтимоии шахсони воқеии аз амали террористӣ зарардида (минбаъд - Тартиб) ба амал баровардани барқарорсозии иҷтимоии шахсонеро, ки аз амали террористӣ зарар дидаанд, муайян мекунад.
2. Барқарорсозии иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ҷабрдидагони амали террористӣ эътироф шудаанд (минбаъд - ҷабрдидагон), бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
3. Барқарорсозии иҷтимоии ҷабрдидагон расондани ёрии ройгони ҳуқуқии зарурӣ, барқарорсозии тиббию равонӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ (минбаъд - барқарорсозии иҷтимоӣ)-ро дар назар дорад.
4. Барқарорсозии иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти давлатии муқовимат ба терроризм (минбаъд - мақомоти давлатӣ) дар маҳалли содир шудани амал (амалҳо)-и террористӣ ё дар ҷойи иқомати ҷабрдида аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ сурат мегирад.
5. Барқарорсозии иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷабрдидагони амали террористии дар ҳудуди давлати хориҷӣ содиршуда эътироф шудаанд, агар дар шартномаҳои байналмилалӣ тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, бо тартиби муқаррарнамудаи Тартиби мазкур сурат мегирад.
6. Асоси амалигардонии барқарорсозии иҷтимоӣ қарори мақомоти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар бораи ҷабрдида эътироф намудани шахс мебошад.
7. Барои гирифтани барқарорсозии иҷтимоӣ ҷабрдида ё хеши наздик (намояндаи қонунӣ), ки аз номи ӯ амал мекунад, бо пешниҳоди аризаи хаттӣ бо зикри насаб, ном ва номи падар (дар ҳолати мавҷуд будан), нишонии почтавии ӯ ва намуди барқарорсозии иҷтимоӣ, ки ӯ мехоҳад онро гирад, ба мақомоти ҳудудии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи муқовимат ба терроризм (минбаъд - мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон) муроҷиат мекунад.
8. Мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду рӯзи корӣ ба ҷабрдида ё хеши наздик (намояндаи қонунӣ), ки аз номи ӯ баромад мекунад, дар шакли хаттӣ дар бораи натиҷаҳои баррасии ариза ҷавоби хаттӣ мефиристад. Дар мактуби ҷавобӣ номи мақомот (ташкилот)-и давлатӣ, ки барои гирифтани намуди зарурии барқарорсозии иҷтимоӣ муайян мегардад, ба куҷо муроҷиат кардан, маҳалли ҷойгиршавии он, корманди мушаххасе, ки ҷабрдида бояд ба ӯ муроҷиат кунад, рақами телефони корӣ ва факс, нишонии электронӣ (агар зарур бошад) дарҷ карда мешавад.
9. Мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқшиносони давлатии Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо нусхаи аризаи ҷабрдидаро дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ мефиристад.
10. Ба ҷабрдида аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатии Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" ёрии ҳуқуқӣ расонида мешавад.
11. Барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ба ҳуқуқшиносони давлатии Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо ба таври илова ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсе, ки аз амали террористӣ зарар дидааст;
- нусхаи қарор дар бораи ҷабрдидаи амали террористӣ эътироф намудани шахс.
12. Ҳуқуқшиносони давлатии Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо дар ҳолати зарурӣ ба роҳбари мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои чорабиниҳои гузаронидашуда оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагон аз амали террористӣ маълумот медиҳад.
13. Барқарорсозии тиббӣ ва равонӣ ба ҷабрдидагон бевосита дар маҳалли содир шудани амали террористӣ анҷом дода мешавад ва он аз расондани ёрии мутахассисони тахассусии дахлдор (табибон ва равоншиносон) иборат мебошад.
14. Барои амалӣ намудани барқарорсозии тиббӣ ва равонӣ аз ҷониби мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода мешавад.
15. Ба ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ мутахассисони воҳидҳои хадамоти равоншиносии мақомоти давлатии муқовимат ба терроризм, муассисаҳои тандурустӣ, муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои таълимии махсус (машваратҳои педагогии равоншиносӣ-тиббӣ, марказҳои тавонбахшӣ, шуъбаҳои ислоҳи равоншиносию педагогӣ) дохил мешаванд.
16. Роҳбари гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таъмини барқарорсозии тиббӣ ва равонӣ муовини роҳбари мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар самти муқовимат ба терроризм масъул мебошад.
17. Барои гирифтани барқарорсозии тиббӣ ва равонӣ ба мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди аризаи дар банди 7 Тартиби мазкур зикргардида, ҳуҷҷатҳои зерин илова карда мешаванд:

18. Мутахассисони соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва равоншинос ба ҷабрдида кумаки равоншиносӣ мерасонанд ва дар ҳолати зарурӣ табобати минбаъдаи ӯро дар муассисаҳои тиббие, ки табобати барқарорсозӣ ва тавонбахшии тиббӣ, аз ҷумла тавонбахшии тиббии кӯдаконро амалӣ мекунанд, тавсия медиҳанд.
19. Пас аз гирифтани табобат, дар ҳолати зарурӣ ҷабрдидагон дар муассисаҳои табобатӣ ба тавонбахшӣ бо мақсади таъмини барқарорсозии ҷисмонӣ фаро гирифта мешаванд.
20. Бо дар назар доштани мавҷуд будани эҳтиёҷот аз ҷониби хадамотҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба ҷабрдидагон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ" аз 13 декабри соли 2012, №724 тасдиқ шудааст, хизматҳои иҷтимоӣ расонда мешаванд.
21. Роҳбари гурӯҳи кории байниидоравӣ ба роҳбари мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаи тадбирҳои солимгардонии равонӣ маълумот медиҳад.