Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 апрели соли 2023, № 169
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 апрели соли 2023, № 169
тасдиқ шудааст
Тартиб оид ба меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиб оид ба меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ (минбаъд - Тартиб) мақсад, вазифа, сохтор, меъёрҳои баҳодиҳӣ, ташкил ва вазифаҳои комиссия, тартиби ҳавасмандгардонии шахсонеро, ки меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолиро иҷро намудаанд, муайян менамояд.
2. Меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ бо мақсади оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ, солимгардонии аҳолӣ таҳия гардида, хислатҳои зерин ба монанди тавоноӣ ва нерумандӣ, тобоварӣ ва чандирию серҳаракатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба гурӯҳи синнусолӣ муайян менамояд.
3. Меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ яке аз нишондиҳандаҳои рушди тарбияи ҷисмонӣ буда, омодагии гурӯҳҳои синнусолии гуногуни аз 9 то 70 болои аҳолиро ба меҳнат ва мудофиа муайян менамояд.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ МЕЪЁРҲОИ МИЛЛИИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА СОЛИМИИ АҲОЛӢ
4. Мақсади меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ ин баланд бардоштани самаранокии истифодаи имконияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар таҳкими саломатӣ, рушди мутаносибу ҳаматарафаи ҷисмонии шахсият, тарбия дар руҳияи ватандӯстӣ ва таъмини идомадиҳандагии тарбияи ҷисмонии аҳолӣ ба шумор меравад.
5. Вазифаҳои меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ аз инҳо иборатанд:
- ҷалби ҳарчи бештари шумораи аҳолӣ ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷисмонӣ ва давомнокии ҳаёти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
...