Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатӣ аз 28 апрели соли 2023, № 168

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 апрели соли 2023, № 168

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 апрели соли 2023, № 168

тасдиқ шудааст

Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатӣ (минбаъд - Тартиб) мутобиқи муқаррароти моддаҳои 4 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" таҳия гардида, раванди таҳияи дурнамоҳои давлатиро барои давраи кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат (минбаъд - дурнамоҳои давлатӣ) муайян менамояд.

2. Ҳангоми таҳияи дурнамоҳои давлатӣ иштирокчиёни таҳияи дурнамоҳои давлатӣ (минбаъд - иштирокчиёни таҳияи дурнамо) бояд раванди иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои амал, инчунин вазъи ояндаи имконпазири иҷтимоию иқтисодиро арзёбӣ намоянд.

3. Иштирокчиёни таҳияи дурнамо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият, ба ҳисоб мераванд.

4. Дурнамоҳои давлатӣ фарогири соҳаҳои демографӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, экологӣ, илмию техникӣ, фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа буда, аз рӯйи сенарияҳои буҳронӣ, заминавӣ ва некбинона таҳия карда мешаванд.

5. Дурнамоҳои давлатӣ барои давраи кӯтоҳмуҳлат шарҳи ҳолати воқеии соҳаҳо дар солҳои гузашта, инчунин самтҳои асосии рушд барои соли навбатӣ ва нишондиҳандаҳои онро барои ду соли минбаъда дар бар мегиранд.

6. Дурнамоҳои давлатӣ барои давраи миёнамуҳлат ба муҳлати то 5 сол бо тақсимот аз рӯйи солҳо таҳия гардида, ҳар сол тасҳеҳ меёбанд.

7. Дурнамоҳои давлатӣ барои давраи дарозмуҳлат ба муҳлати на камтар аз 10 сол таҳия гардида, ҳар 5 сол тасҳеҳ меёбанд.

8. Дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар маҷмуъ аз рӯйи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар алоҳидагӣ ва аз рӯйи шаҳру ноҳияҳо таҳия карда мешавад.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "28" апреля 2023 года, №168

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "28" апреля 2023 года, №168

Порядок разработки государственных прогнозов

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок разработки государственных прогнозов (далее - Порядок) разработан в соответствии с положениями статьей 4 и 20 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" и определяет процесс разработки государственных прогнозов на краткосрочный, среднесрочный и долгосрочный периоды (далее - государственные прогнозы).

2. При разработке государственных прогнозов участники разработки государственных прогнозов (далее участники разработки прогнозов) должны оценить процесс выполнения концепций, стратегий, программ и планов действий, а также возможное будущее социально-экономическое состояние.

3. Участниками разработки прогноза считаются министерства и ведомства, исполнительные органы государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, предприятия, учреждения и другие организация, независимо от формы собственности.

4. Государственные прогнозы охватывают демографическую, социальную экономическую, экологическую, научно-техническую, внешнеэкономическую, правоохранительную и оборонную сферы и разрабатываются по кризисным, базовым и оптимистическим сценариям.

5. Государственные прогнозы на краткосрочный период включают обзор фактического состояния отраслей за прошедшие годы, а также основные направления развития на следующий год и его показатели на последующие два года.

6. Государственные прогнозы на среднесрочный период разрабатываются на срок до 5 лет с разбивкой по годам и корректируются каждый год.

7. Государственные прогнозы на долгосрочный период разрабатываются на срок не менее 10 лет и корректируются каждые 5 лет.

8. Государственные прогнозы социально-экономического развития разрабатываются в целом по макроэкономическим показателям Республики Таджикистан, социально-экономическим секторам индивидуально и по городам и районам.

...