ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №442
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №442 "Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) ба банди 6 сархати сиву якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- дар асоси қарори дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин мутобиқи нақшаи генералии тасдиқшуда ва лоиҳаи мувофиқагардидаи сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ иҷозат медиҳад;";
2) сархатҳои сеюм, чорум ва панҷуми банди 7 хориҷ карда шаванд;
3) ба банди 8 сархатҳои бисту панҷум ва бисту шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- барои бартараф намудани ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шаҳрсозӣ амрнома диҳанд, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад;
- дар ҳолати бе иҷозат ва ҳуҷҷатҳои дигари ҳуқуқмуайянкунанда оғоз кардани сохтмони бино ё иншоот, бо тартиби муқарраргардида корҳои сохтмониро боздоранд ё барои боздоштани фаъолияти ташкилот ба суд муроҷиат намоянд;"
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
...

ш. Душанбе,
аз 27 марти соли 2023, № 124