Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2023, № 118 "Дар бораи меъёри пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад"

Санаи амалкуни: 29.04.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 115 аз эътибор соқит дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи меъёри пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 258)

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", қисми 1 моддаи 237 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 63(7) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет", моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", моддаҳои 36 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", моддаҳои 32 ва 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Меъёри пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки 100 дарсади сармояи оинномавии онҳо ба давлат тааллуқ дошта, аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ тибқи баҳисобгирии андозии соли 2022 ва солҳои минбаъда муайян карда мешавад, ба андозаи 10 дарсад муқаррар карда шавад.

2. Меъёри пардохт аз фоидаи софи ба ҳиссаи давлат тааллуқдоштаи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки зиёда аз 50 дарсади сармояи оинномавии онҳо ба давлат тааллуқ дошта, аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ тибқи баҳисобгирии андозии соли 2022 ва солҳои минбаъда муайян карда мешавад, пас аз супоридани пардохти дар банди 1 қарори мазкур пешбинишуда бо тартиби муқарраршуда ба андозаи 30 дарсад муқаррар карда шавад. Муқаррароти мазкур нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ татбиқ намегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 258).

3. Корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ пардохтҳои дар бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур муқарраршударо на дертар аз 1 июли пас аз соли ҳисоботӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронанд.

4. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавриди иштирок дар маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ оид ба таъмини иҷрои бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур чораҷӯйӣ намоянд.

5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ҳар сол то 1 феврали баъди соли ҳисоботӣ мутаносибан номгӯйи корхонаҳои давлатӣ ва номгӯйи ҷамъиятҳои хоҷагидориро, ки дар бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур пешбинӣ шудаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузарондани пардохтҳои дар бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур муқарраршуда дар гурӯҳбандии қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ рамзи алоҳида кушояд.

7. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷамъоварии пардохтҳои дар бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур муқарраршударо таъмин намуда, то 1 апрели соли 2023 ба ҳар як субъекти хоҷагидор ҳисобварақаҳои шахсӣ кушояд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то 20 апрели пас аз соли ҳисоботӣ оид ба фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва то 1 июли пас аз соли ҳисоботӣ оид ба воридоти пардохтҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ мутобиқи замимаҳои 1 ва 2 маълумот пешниҳод намояд.

8. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, №499 "Дар бораи пардохтҳои ғайриандозӣ ба даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки зиёда аз 50 фоизи саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 27 марти соли 2023, № 118

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 марти соли 2023, № 118
Маълумотоид ба фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ

Номи субъекти хоҷагидор

Суроғаи ҷойгиршавӣ

Намуди моликияти давлатӣ

Маблағи

фоидаи софи соли ҳисоботӣ

Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 марти соли 2023, № 118

Маълумот оид ба воридоти пардохтҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ

Номи субъекти хоҷагидор

Суроғаи ҷойгиршавӣ

Намуди моликияти давлатӣ

Маблағи

фоидаи софи соли ҳисоботӣ

Маблағи пардохти ҳатмӣ аз фоидаи соф

Маблағи пас аз супоридани пардохти ҳатмӣ

боқимонда

Маблағи пардохти ҳиссаи ба давлат таалуқ-дошта