Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2023, № 122 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 150 "Дар бораи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1) аз банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад:

2) боби 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳо

5. Кумита дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад:

- мувофиқи тартиби муқарраргардида аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар ҳуҷҷату маводи барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита вогузоргардида заруриро талаб намояд;

- бо тартиби муқарраргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ намояндагӣ намояд;

- мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, мушовараҳо), аз ҷумла байнисоҳавӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкил намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар воситаҳои ахбори омма нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, ҷойгиркунонии маводи дигарро оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Кумита таъмин намояд;

- бо корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита шартномаҳои дуҷониба баста, ҳисоботи роҳбарони ин корхонаю ташкилотҳоро дар бораи ҷараёни иҷрои шартномаҳо ва нақшаи кори солонаи тасдиқшуда мунтазам дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита баррасӣ намояд;

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №150

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в Положение о Комитете по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №150 "О Комитете по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан", следующие изменения и дополнение:

1) главу 3 изложить в следующей редакции:

"3. Права и обязанности

5. Комитет в рамках своих полномочий имеет право:

- запрашивать в установленном порядке от министерств, ведомств, местных исполнительных органов государственной власти, других физических и юридических лиц документы материалы, необходимые для исполнения возложенных на Комитет задач;

- в установленном порядке представлять Правительство Республики Таджикистан в международных и иностранных организациях;

- создавать координационные, совещательные и экспертные органы (советы, комиссии, группы, коллегии), в том числе межведомственные в установленной сфере деятельности;

- в установленном законодательством порядке обеспечивать публикацию нормативных правовых актов, официальных объявлений, размещение других материалов по вопросам установленной сферы деятельности Комитета в средствах массовой информации;

- заключать с предприятиями и организациями системы Комитета двусторонние договора, регулярно рассматривать на коллегии Комитета отчеты руководителей этих предприятий и организаций о ходе выполнения договоров и утвержденных годовых планов;

- в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, представлять в Правительство Республики Таджикистан предложения о создании, реорганизации и ликвидации организаций системы Комитета;

- в установленном порядке давать разъяснение физическим и юридическим лицам по вопросам касающимся градостроительной деятельности;

...