ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 феврали соли 2023, № 971
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 феврали соли 2023, № 971
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2023, № 373
ҷонибдорӣ карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2023, № 373
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 51; с. 2005, №12, мод. 630; с. 2006, №12, мод. 541; с. 2008, №6, мод. 460, №12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009, №3, мод. 88; с. 2010, №1, мод. 8, мод. 10, №12, қ. 1, мод. 823; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 999; с. 2013, №3, мод. 190; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 408; с. 2015, №11, мод. 968, мод. 969, мод. 970; с. 2016, №5, мод. 368; с. 2019, №4-5, мод. 231; с. 2020, №1, мод. 26, №7-9, мод. 615) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 4:
1) дар қисми 2:
...
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 феврали соли 2023, № 971
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2023, № 373
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 51; с. 2005, №12, мод. 630; с. 2006, №12, мод. 541; с. 2008, №6, мод. 460, №12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009, №3, мод. 88; с. 2010, №1, мод. 8, мод. 10, №12, қ. 1, мод. 823; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 999; с. 2013, №3, мод. 190; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 408; с. 2015, №11, мод. 968, мод. 969, мод. 970; с. 2016, №5, мод. 368; с. 2019, №4-5, мод. 231; с. 2020, №1, мод. 26, №7-9, мод. 615) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 4:
1) дар қисми 2:
- дар муқаддимаи банди 2) ва минбаъд матни модда калимаи "предмети" ба калимаи "мавзуи" иваз карда шавад;
- дар банди 3) ва минбаъд матни қонун калимаҳои "амвол" ва "амволи" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулк" ва "молу мулки" иваз карда шаванд;
2) дар қисми 6:
- дар банди 27) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- банди 28) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"28) барои додани нусхаи тасдиқкардашудаи (дубликати) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилотҳои адвокатӣ - ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст.";
3) дар қисми 7:
- дар сархатҳои сеюми зербандҳои а), б) ва в) банди 1) калимаи "Қӯрғонтеппа" ба калимаи "Бохтар" иваз карда шавад;
- дар муқаддимаи банди 10) ва минбаъд матни қонун калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- дар банди 14) пас аз калимаи "тасдиқи" калимаҳои "уҳдадориҳо, розигиҳо ва" илова карда шаванд;
- банди 25) хориҷ карда шавад;
- дар банди 32) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- бандҳои 26) - 32) мувофиқан бандҳои 25) - 31) ҳисобида шаванд;
- банди 32) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"32) барои тасдиқи дигар амалиёт - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо.";
4) қисми 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"13. Барои анҷом додани амалиёт оид ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар амалиёт вобаста ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:
1) барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад - ба андозаи панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
2) барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ:
- дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон - ба андозаи панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- дар асоси ҳалномаи суд - ба андозаи ҳафткаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои ворид намудани ислоҳот, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи таваллуд, ақди никоҳ, бекор кардани никоҳ ва вафот - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) барои додани шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
5) барои бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар - ба андози секаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо.".
2. Қисми 4 моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Дар мақомоти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) мақомоти маориф, васоят ва парасторӣ, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак - барои додани шаҳодатномаҳои такрории таваллуд дар хусуси фиристодани кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгардида ба мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ки уҳдадории ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ба зиммаашон гузошта шудааст;
2) шаҳрвандон - барои ба онҳо додани шаҳодатномаҳои такрорӣ оид ба фавти хешовандони сафедкардашуда.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 15 марти соли 2023, № 1964